Декани факултет

Шодиев Рустам Азизуллоевич (тав.10.11.1974, ноҳ. Ҳамадонӣ, вил. Хатлон) шарқшинос-забоншинос,номзади илмҳои филологӣ (2010), дотсент (2012). Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1997) ва аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз соли 1997 то 2002 ассистенти кафедраи филологияи Эрон, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети шарқшиносӣ, аз соли 2002 то 2005 муовини сардори шуъбаи таълими ДМТ, аз соли 2005 то 2010 сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ, аз соли 2010 то 2015 директори Маркази фарҳангию таълимии Конфутсий дар назди ДМТ буд. Аз 1-уми январи соли 2015 декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таъин шуд.
Муаллифи 2 монографияи илмӣ, 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Доктори фахрии Донишгоҳи омўзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (2015) мебошад. Ба Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015) сазовор дониста шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Ос.: Вижагиҳои маъноии феълҳои сода дар «Шоҳнома».– Душанбе: ҶДММ Шуҷоиён, 2010. – 80 с.; Феълҳои пешвандӣ дар «Шоҳнома»- Фирдавсӣ (дастури таълимӣ), Душанбе, 2011, 48 с.;  Феъл дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (маъно ва сохтор) (монография). – Душанбе: Зиннат, 2012. – 152 с.; Масоили лингвистии номвожаҳои таърихии Хатлон(монография). – Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2016. – 118 с.

Шарҳи осор

1.    Вижагиҳои маъноии феълҳои сода дар «Шоҳнома». Душанбе, 2010, 80 с.; (Дастури таълимӣ) Феълҳои сода як бахши умда ва асосии луғати феъл дар «Шоҳнома» маҳсуб мешаванд. Ба луғати феълҳои содаи «Шоҳнома» ҳама гурўҳҳои луғавӣ ва маъноии феълҳо шомил буда, ҳар кадоме бо маъниҳои асосӣ ва маҷозӣ, ҳамчунин аз роҳи тавсеаи маъно мавриди корбурд қарор гирифтаанд.
2.    Феълҳои пешвандӣ дар «Шоҳнома»- Фирдавсӣ (дастури таълимӣ), Душанбе, 2011, 48 с. Дар дастури мазкур феълҳои пешвандӣ дар «Шоҳнома» мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо мисолҳо шарҳу эзоҳ дода шудааст.
3.    Феъл дар «Шоҳнома» (монография), Душанбе, 2012, 152 с. Таҳқиқи луғат ва вожашиносии феъл дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ ҳамчун намунаи бисёр куҳан ва нодири забони форсии дарӣ аз нигоҳи ҳамзамонӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ барои таҳқиқи масоили феъли забони форсии нав ва дигар забонҳои эронӣ, ба хусус забонҳои эронии ғарбӣ метавонад ба ҳайси манбаи муҳими назарӣ ва амалӣ истифода шавад.
4.    Масоили лингвистии номвожаҳои таърихии Хатлон (монография), Душанбе, 2016, 118 с. Дар рисолаи мазкур масоили лингвистии номвожаҳои таърихии Хатлон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Номвожаҳои таърихӣ дар баробари далели муҳими лингвистӣ дорои арзиши этнолингвистӣ низ мебошад.