Кафедраи филологияи Эрон

Кафедраи филологияи Эрон (собиқ забони форсӣ) ҳамзамон бо ташкили факултет таъсис ёфта, аввалин мудири он профессор - марҳум Ҳилол Каримов буд. Саҳми ӯ дар ташаккулу инкишофи кафедра ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ хеле бузург аст. Китоби дарсии ӯ «Забони форсӣ» барои синфҳои 5 ва 6-и мактабҳои миёна (соли аввали нашр - 1957) барои тайёр намудани мутахассисони варзидаи забони форсӣ нақши чашмгире гузоштааст. 
Дар радифи устод Ҳилол Каримов дар ташаккулу таҳкими шуъбаи форсӣ зодагони Эрон – устодон Акбар Зореъ, Юсуф Ҳасанлӣ ва Дурроҷ  хидмати арзанда намуда, барои таълиму тарбияи кадрҳо,  мутахассисони забони форсӣ ва адабиёти Эрон, мутарҷимони варзида ва кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, илмиву фарҳангии кишвар саҳми басазое гузоштаанд. Гуфтан кофист, ки аксари устодони ҳозираи кафедра ин бузургонро устоди ҳақиқии худ мешуморанд ва хотираи неки эшонро гиромӣ медоранд.
Соли 1982 устод Ҳ.Каримов роҳбарии кафедраро ба шогирд ва ҳамкори худ – дотсент Файзалӣ Наҷмонов таҳвил дод, ки ӯ дар навбати худ то соли 1992 дар ин вазифа пурмаҳсул меҳнат кард. Бо шарофати саъю кӯшиши ӯ кафедраи филологияи Эрон ба маркази пурқуввати илмии эроншиносӣ табдил ёфт. Тайи он солҳо дар баробари устодони худи кафедра олимони машҳури шарқшиносу забоншиноси ҷумҳурӣ, аз ҷумла, профессор Хромов А. Л., узви вобастаи АФ Тоҷикистон Рустамов Ш. ва баъдтар узви вобастаи АФ Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов бо кафедра ҳамкории муфид намуда, дар тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат саҳми арзанда гузоштанд. Маҳз бо ташаббуси Ф. Наҷмонов ибтидои солҳои 80-ум дар ҷанби кафедраи филологияи Эрон шуъбаҳои ҳиндӣ, урду ва пашту таъсис ёфтанд, ки баъдтар шуъбаҳои ҳиндӣ ва урду ба кафедраи алоҳида табдил дода шуданд. Саҳми Ф. Наҷмонов дар  ҷалби кадрҳои ҷавону варзидаи натанҳо шуъбаи форсӣ, балки мутахассисони шуъбаҳои нави таъсисёфта низ назаррас аст. 
Замони роҳбарии профессор – марҳум Амонова Ф.Р. (1992 - 1997) ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ рост омад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, профессор Амонова Ф. Р. тавонист, ки тамоми дастовардҳо ва арзишҳои кафедраро ҳифз намояд, ба пароканда шудани кадрҳои баландихтисос роҳ надиҳад. Гузашта аз ин, маҳз дар давраи роҳбарии ӯ масъалаи таъмини донишҷӯёни кафедра бо китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва маводи таълимӣ-методӣ то андозае ҳал гардид. Амонова Ф. бо истифода аз дастовардҳои даврони истиқлол ба ташаккул ва равнақи муносибатҳои кафедра бо кишварҳои дигар, аз ҷумла, Эрон, ИМА ва ғ. замина гузошт. 
Дар тӯли солҳои 1997-2007 роҳбарии кафедраи филологияи Эрон ба дӯши дастпарвари факултет, профессор Сафаров У. буд. 
Аз соли 2007 то 2011 сарварии кафедраро дотсент Усмон Сулаймонӣ ба ӯҳда дошт. 
Дар баробари ташкил ва такмили ҷараёни таълим, ҳайати профессорону устодони кафедра бо таҳқиқи муҳимтарин масъалаҳои забони форсӣ ва адабиёти Эрон машғуланд. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра муҳимтарин проблемаҳои забон ва адабиёти форс бошад ҳам, танҳо бо он маҳдуд нашудааст. Тайи солҳои тӯлонӣ дар кафедра доир ба проблемаҳои грамматикаи забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ дар мавриди таҳлили муқоисавии онҳо низ корҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом гирифтааст. Доир ба ин масъала, пеш аз ҳама, монографияи профессор Амонова Ф.Р. «Проблемаҳои ономасеологияи дериватсионии забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ» (Душанбе, 1990) ва корҳои дотсент У. Сулаймонӣ (Абдураҳмонов У.), «Шаклҳои ғайритасрифии феълӣ дар забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ» (Душанбе, 1988) бахшида шудаанд. 
Дар баробари ин, устодони кафедра дар омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илми забоншиносии форсӣ, аз ҷумла, таърихи инкишофи забон ва қисматҳои гуногуни он саҳм доранд. Яке аз таҳқиқоти назариявии заминавӣ дар ин ҷода, ки дар он самту ҷанбаҳои нави забони муосири форсӣ ба таври амиқ таҳқиқ шудаанд, монографияи профессор Амонова Ф. «Таҷрибаи таҳқиқоти ономасеологии системаи калимасозии забони муосири форсӣ» (1996) аст. Рисолаҳои номзадии дотсент Байзоев А. – «Забони «Донишнома»-и Абӯалӣ Ибни Сино» (1992) ва Муҳаббатов А. «Истилоҳоти варзишии забони форсӣ» (2007), Шодиев Р. «Феъл дар «Шоҳнома» (2012) ба омӯзишу таҳлили ташаккул ва инкишофи истилоҳоти забони форсӣ ва дигар паҳлуҳои забоншиносӣ бахшида шудаанд. 
Дар омӯзишу таҳлили масоили марбут ба адабиёти Эрон саҳми устодони кафедра Наҷмонов Ф., Сафаров У., Хӯҷамуродов О. Ҷобиров Д. ва Расулӣ А. назаррас аст. Натиҷаҳои амалии таҳқиқоти адабиёти Эрон дар монографияҳои Наҷмонов Ф. «Қаҳрамони мусбат дар адабиёти муосири Эрон» (Душанбе, 1977), Хӯҷамуродов О. «Поэтикаи Содиқ Ҳидоят» (Душанбе, 1991), Хӯҷамуродов О. «Насри зеҳнгароии форсии Эрон дар қарни ХХ» (Душанбе, 2003), Сафаров У. «Сиёвуши Касроӣ ва шеъри нави форсӣ» (Душанбе, 1996), Расулӣ А. «Шеъри форсӣ дар давраи инқилоби исломӣ» (Душанбе, 2007), Ҷобиров Д. «Зиндагӣ ва эҷодиёти Ҳазини Лоҳиҷӣ» (Душанбе, 2010) инъикос ёфтаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби профессор Сафаров У. маҷмӯаи мақолаҳои «Пайроҳаи Нимо» (1996), корҳои илмӣ-таҳқиқотии «Мусофири ҷодаи хуршед» (Душанбе, 2005, бо алифбои форсӣ) ва «Нимо ва шеъри форсӣ» (2005), «Аз хоки рангбохта» (Нақду баррасии ашъори Нимо) (2010), «Тавбаҳои дардолуд» (Нақду баррасии достонҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ) (2013), низ ба табъ расидаанд, ки дар онҳо масоили гуногуни назму насри форсӣ баррасӣ ва таҳлил шудаанд. 
Тайи солҳои гуногун кафедра барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои кишварҳои хориҷии Аврупо низ саҳм дорад. Аз ҷумла, дар шуъбаи форсӣ донишҷӯён аз Булғория, собиқ Ҷумҳурии Демократии Олмон ва Ҳоланд таҳсил кардаанд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва густариши муносибатҳои илмиву фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд тан аз муҳаққиқони ин кишвар давраи магистратураи худро дар кафедра гузаронидаанд. Ҳамзамон, ҳар сол устодону муҳаққиқони ин кишвар дар доираи ҳамкориҳои илмӣ-омӯзгорӣ ба донишҷӯёни кафедра аз забони форсӣ, адабиёти Эрон ва хушнависӣ курсу семинарҳои махсус мегузаронанд. Дар байни онҳо доктор Нақиб Набавӣ ва доктор Асадулло Воҳид ва Неъматулло Эронзодаро номбар кардан мумкин аст. Қобили қайд аст, ки доктор Нақиб Набавӣ барои донишҷӯёни факултаҳои шарқшиносии Тоҷикистон мунтахаби назми форсиро бо номи «Зулоли обу оина» таҳия ва нашр намуд (Душанбе, 2005). 
Ҳоло дар кафедра 11 нафар устодон фаъолият мекунанд, ки дар байни онҳо 1 нафар доктори илм, 5 нафар  номзадони илм ҳастанд. 
Кафедра барои таъмини соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвар ва берун аз он саҳми арзанда дорад. Дастпарварони кафедра дар муасисаҳои гуногуни давлативу идории кишвар, вазорату сафоратҳо, муассисаҳои илмиву омӯзгорӣ садоқатмандона кор кардаанд ва кор мекунанд. Дар байни онҳо доктори илми фалсафа, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илму фарҳанг Олимов К., доктори илми фалсафа, узви вобастаи АФ Тоҷикистон Муҳаммадхоҷаев А., доктори илми фалсафа Муъминҷонов Ҳ., доктори илми филология, директори Китобхонаи миллӣ Назарзода С., доктори илми филология Алимӣ Ҷ,, номзадҳои илми филология Қодиров Ғ., Чиллаев Қ., Каримов Ш., ва дигарон ҳастанд.
Устодони кафедра дар таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои миёна ва олии Ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд. Гуфтан кофист, ки китоби дарсии Ҳилол Каримов «Забони форсӣ» барои синфҳои 5 ва 6-и мактабҳои тоҷикӣ ва мактабҳое, ки ба сифати забони хориҷӣ забони форсӣ мехонданд, китоби дарсии асосӣ ба ҳисоб мерафт. Бо назардошти такмили барномаҳои таълимии мактабҳои миёна ва ҷорӣ шудани омӯзиши фанни «Алифбои ниёгон» устодони кафедра дотсент Байзоев А. (дар ҳаммуаллифӣ бо Кабиров Ш.) китобҳои дарсии «Алифбои ниёгон» барои синфҳои чорум ва панҷум ва профессор Сафаров У. китоби дарсии «Алифбои ниёкон» барои синфи шашумро таҳия карда ба табъ расонданд. Ҳамчунин, аз ҷониби дотсент Байзоев А. дастури таълимӣ-методии «Мушкилоти таълим ва омӯзиши алифбои ниёгон» таҳия ва ду маротиба (солҳои 1996 ва 2004) нашр шуд, ки мавриди истифодаи устодони мактабҳои миёна ва факултаҳои филологии донишгоҳҳои Тоҷикистон қарор дорад. Дотсент Байзоев А. яке аз мураттибони «Барномаи таълимии забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ» (2004) ва ҳамроҳ бо Кабиров Ш. мураттиби «Барномаи таълими «Алифбои ниёгон» барои синфҳои 4 ва 5 аст» (2007). 
Ҳамзамон, устодони кафедра барои бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои фанҳои ихтисосӣ таъмин намудани донишҷӯёни кафедра низ пурсамар кор мекунанд. Соли 1996 китобҳои дарсии «Забони форсӣ» барои донишҷӯёни соли аввалро устодони кафедра Байзоев А. ва Ҷӯраев Н., «Забони форсӣ» барои донишҷӯёни соли дуввумро профессор Амонова Ф. таҳия намуда ба табъ расонданд. Барномаи таълимии «Адабиёти Эрон», ки ҳанӯз соли 1990 аз ҷониби дотсент Наҷмонов Ф. таҳия шуда буд, соли 2000 аз ҷониби устодони кафедра таҷдиди назар шуда нашр гардид. 
Дар кафедра барои ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли таълим ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати толибилмон диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, кафедра бо системаи алоқаи кайҳонӣ пайваст аст, ки имкон медиҳад барномаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистонро мустақиман қабул намояд. Дотсент Сафаров У. тайи солҳои охир бо таҳияи маводи аудиоии таълими забон машғул аст ва дар ин ҷода чанд сабти таълимии забону адабиёти форсро таҳия намудааст. 
Дар кафедра гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ба хотири бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷику Эрон ба ҳукми анъана даромадааст.