«ТЕХНОЛОГИЯИ ФИКР»

 

ЭЙ БАРОДАР ТУ ҲАМОН АНДЕШАӢ,

МОБАҚӢ ТУ УСТУХОНУ РЕШАӢ.

ГАР ГУЛ АСТ АНДЕШАИ ТУ, ГУЛШАНӢ

В-АР БУВАД ХОРЕ, ТУ ҲЕМАИ ГУЛХАНӢ.

Мавлоно

Бо пешрафту такомули рӯзафзуни технологияи муосир огаҳиҳои инсон нисбат ба олами ҳастӣ рӯз ба рӯз меафзояд. То имрӯз инсон дар бораи хурдтарин заррачаҳо, бузургтарин ҷирмҳои заминиву осмонӣ, асрори баҳру уқёнус ва дигар шигифтиҳои ҷаҳони ҳастӣ огаҳӣ пайдо намуда ва технологияҳоеро кашф кардааст, ки дар ҳаёти ҳаррӯза корбурди фаъол дошта, ҳаёти одамиро ба сатҳи сифатан нав ва албатта мураккабтар такон бахшидааст. Ҳамаи ин технологияҳо ва дастовардҳову инқилобҳои илмии башарият қатъан маҳсули технологияест бо номи ТЕХНОЛОГИЯИ ФИКР, ки меҳвари асосии халлоқияти инсонро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, зербинои аслии рушду пешрафт ва камолоти инсон тарзи фикрронӣ ва низоми боварҳои ӯст.

Ба ҳамин далел аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат бо дарки мубрамияти рушди неруи инсонии фард-фарди кишвар 23-юми январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба ниҳодҳои дахлдор оид ба таъсиси “Маркази инкишофи зеҳнӣ” дар назди АИ ҶТ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар Паёми имсола (22.12.2016) бошад, Пешвои миллат аз ҷумла қайд карданд, ки дар 5 соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида мешавад. Дар партави ҳамин иқдом, Ҷаноби Олӣ ба ҷавонони насли Истиқлол баҳои баланд дода, ин қишри ҷомеаро мояи ифтихори насли калонсол ва ояндаи боэътимоди миллату давлат арзёбӣ намуданд ва соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, бо ин ташаббуси худ мавқеи ҷавононро дар ҳаёти ҷомеа ва пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам мустаҳкамтар гардониданд. Ин иқдомҳои дурандешонаи Пешвои миллат боварии мардуми кишварро ба фардои дурахшонтари Ватани маҳбубамон Тоҷикистон қавитар сохта, мо ҷавононро боз ҳам ба асли худогоҳиву худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу Истиқлолияти давлатӣ раҳнамун месозад.

Тамоми донишмандони соҳаи рушди неруи инсонӣ худшиносиву худогоҳиро, қабл аз ҳама, низоми боварҳои инсон аз худ ва ҷаҳон, тарзи муносибати инсон ба ҳаёт, кашфи маҳоратҳои зеҳнӣ ва ниҳоят дарки рисолати хеш дар зиндагӣ қаламдод мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки аввалин асли худшиносӣ созмони низоми боварҳои зебо ва андешаҳои талошофарин аз тариқи қудрати фикр мебошад. Мо инсонҳо дар ҷустуҷӯйи асрори ҷаҳони ҳастӣ то ҳадде муваффақ гаштаем, ки таркиби фазо ва сохтори атомро кашф намудаву шоҳкорҳои зиёд анҷом додаем. Аммо бо вуҷуди ин, аксарият аз моҳияти воқеии вуҷуди худ ва ҷаҳони андеша иттиллои кофӣ ва фаҳми корбарӣ надоранд. Ба ибораи дигар, аз технологияи фикр чандон огаҳ нестанд.

ПАС, ТЕХНОЛОГИЯИ ФИКР ЧИСТ?

Технологияи фикр як низоми нави барномарезӣ дар зершуур (замири нохудогоҳ)-и инсон аст, ки аз тариқи он таҳаввули азим дар низоми фикр, шахсият, боварҳо ва рӯҳияи як инсон эҷод мешавад.

Ин технология ба ҳайси илми алоҳида дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё матраҳ шуда, мавриди баҳрабардории аксарият қарор гирифтааст, ки аз тариқи истифодаи дуруст ва мақсадноки ин илм ба дунёе аз дастовардҳо расида ва марҳилаҳои нав ба нави рушду пешрафтро тай мекунанд. Аммо ин илм аз тарафи ҷомеи Тоҷикистон ҳанӯз чандон шинохта ва мавриди корбурди васеъ қарор нагирифтааст. Дуруст аст, ки халқи тоҷик аз гузаштагони оламшумули худ ганҷинаи ҳикматбору шахсиятсози бемисле ба мерос дорад, ки тӯли ҳазорсолаҳо чеҳраҳои барҷаставу мондагори таърихиро бар камол расондааст. Агар мо ин ганҷинаи маънавии ниёконро бо пешрафту инкишофи рӯзафзуни илму технологияи муосир ва имконоки фаровони асри иттилоот ҳампою ҳамнаво созем, аз ҷумла аз донишҳои технологияи фикр васеъ истифода намоем, дар ҳама соҳаҳои давлатдорӣ босуръат рушд хоҳем кард.

Ба ташбеҳи олимони соҳаи рушди неруи инсонӣ, зеҳни инсон киштзори пурҳосилеро мемонад, ки кас тухми ҳар андешаеро, ки дар он бикорад, мутобиқ ба интихоби худ ҳосил бармедорад. Яъне, як андешаи зебо – як зиндагии зебо, як андешаи халлоқ – халқи дастовардҳои олӣ ва баръакс, як андешаи хароб – зиндагии хароб, як андешаи маъюсонаву ноумедона – маҳрум шудан аз имконоти фаровони замон. Яъне, интихоб дар дасти худи инсон аст. Таҷрибаҳои бешумори донишмандони соҳа собит месозад, ки кас метавонад огоҳона андешаву боварҳои худро барномарезӣ карда, ба дунёе аз фаровонӣ ва саодату хушбахтӣ бирасад – ин комилан дар дастрасии инсон қарор дорад. Воқеан, инсонҳо он гунае зиндагӣ мекунанд, ки бовар мекунанд; зиндагии инсон таҷаллии андешаҳо, боварҳо ва ҷаҳонбинии ӯст.

Аз ин рӯ, баҳри халқи як зиндагии зебо, ояндаи беҳтар ва гул-гулшукуфоии бештари Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мо ҷавононро мебояд пайваста аз асли худогоҳиву ХУДСОЗӢ кор бигирем, то қадам ба қадам марҳилаҳои зебову нотакрори зиндагиро тай карда, ҳаёти шоистае ба сар барем.

Маҳз баҳри амалисозии ин иқдомҳои наку ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди неруи инсонии мардуми кишвар бо ташаббуси аъзои Созмони ҷавонон ва Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо – як теъдод донишҷӯёни фаъоле, ки вуҷудашон саршор аз ифтихори Ватандорӣ ва рушди бештари кишвари азизамон аст, бар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда дар самти рушди неруи инсонии донишҷӯён оид ба тарзи фикрронии халлоқ, кашфи маҳоратҳо, дарёфти усулҳои навтарини омӯзиши забонҳои хориҷӣ силсилаи маҳфилҳои ҷолиби илмӣ роҳандозӣ шудааст, ки бо роҳнамоии устодони нуқтасанҷ ва ширкати шумораи зиёди донишҷӯён ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе доир мегардад ва ин маҳфилҳо дар факултет аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамчунин, чи хеле ки мушоҳида мешавад, дар сомонаи расмии факултет дар бахши маҳфилҳо саҳифаи алоҳидае таҳти унвони “ТЕХНОЛОГИЯИ ФИКР” кушода шудааст ва қарор аст, ки донишҷӯён маърӯзаҳо ва самараи ҷустуҷӯҳои хешро дар ин саҳифа ҷой диҳанд, то шумораи зиёди хоҳишмандон ба ин донишҳои шахсиятсоз дастрасӣ дошта бошанд.

ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ, ЭЙ ЗЕБОПИСАНД,

ЗЕБОАНДЕШОН БА ЗЕБОЙӢ РАСАНД!