Якубзода Юнус

  • Posted on: 7 March 2017
  • By: admin

Якубзода Юнус Маҳмадалӣ 2- уми декабри соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.  Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи умуми таҳсилоти №19-и шаҳри Ваҳдат гирифтааст. Юнус аз даврони мактабӣ ба омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ аз қабили арабӣ, англисӣ ва русӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт. Аз ин рӯ, ӯ пас аз хатми мактаби миёна  соли 2013 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва айни ҳол  донишҷӯи курси чоруми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ мебошад. Яқубзода Юнус дар конференсияҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона  иштирок менамояд. Айни ҳол ӯ донандаи забонҳои арабӣ ва англисӣ мебошад.