МАҲФИЛ

  • Posted on: 4 April 2017
  • By: muharrir

Ба тавуҷҷуҳи устодони муҳтарам ва донишҷўёни азизи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо расонида мешавад, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои Созмони ҷавонони факултет санаи 06.04.2017 соати 11:30 дар Толори Шўрои олимон (синф. №402) маҳфил баргузор мегардад.

Маҳфил бахшида ба «СОЛИ ҶАВОНОН» ва бо мақсади татбиқи сиёсати Пешвои миллат дар самти рушди неруи инсонии фард-фарди кишвар, махсусан ҷавонон, дар назар буда, фарогири мавзўъҳои зерин мебошад:

1. "СОЛИ 2017 – СОЛИ ҶАВОНОН". Ҳалимова Шоҳина, курси II хитоӣ-тоҷикӣ;

2. "Рушди неруи инсонӣ: усули ҳифзи маълумот ба муддати тӯлонӣ". Шарипов Фазлиддин, курси III арабӣ-англисӣ.