Устоди маҳбуб

  • Posted on: 29 April 2017
  • By: muharrir

Ҷобиров Давлатшоҳ Юсуфович, дотсенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, муаллими забон ва адабиёти форсӣ, номзади илми филология 14-уми августи соли 1958 дар ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи ба номи А.Навоии ноҳияи Дарвоз шурӯъ карда, мактаби таҳсилоти умумии №3-и ба номи С. Олимови шаҳри Ваҳдатро хатм намудааст. Соли 1985 факултети Шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси забон ва адабиёти Шарқ бомуваффақият хатм кардааст. Дар даврони донишҷӯйӣ ду маротиба – солҳои 1979-1980 ва солҳои 1982-1984 ба Ҷумхурии Демократии Афғонистон (ҳоло Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ба сифати тарҷумони забони дарӣ сафари хидматӣ намудааст. Ҳамчунин ба дигар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Миср сафар намудааст. Донандаи забонҳои форсӣ, русӣ ва арабию англисӣ (бо луғат) мебошад.

Кор ва фаъолияти устод Ҷобиров Д. аллакай аз даврони донишҷӯйӣ оғоз гардида, пас аз хатми донишгоҳ дар ҳамин факултет идома меёбад: солҳои 1985-1989 мудири кабинети кафедраи филологияи Эрони УДТ; 1989-1992 аспиранти кафедраи филологияи Эрон; 1993-1998 ассистенти кафедраи мазкур; 1998-2004 муаллими калони кафедра, аз моҳи декабри соли 2004 то ҳол дотсенти кафедраи филологияи Эрон ва ҳамчунин аз соли 1995 инљониб муовини декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо оид ба таьлим.

Соли 2003 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Зиндагӣ ва эҷодиёти Ҳазини Лоҳиҷӣ” зери роҳбарии ходими пешбари Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология шодравон Амрияздон Алимардонов дар Шӯрои диссертатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

Устод барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоистаашон бо мукофотҳои зерини давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд: бо медалҳои «Корномаи ҷангӣ» («За боевые заслуги»), «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон», «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Устод Ҷобиров Давлатшоҳ соҳиби се фарзанд ва ду набера мебошанд.

Мусоҳибаи озоду самимӣ бо устод:

- Салом, устоди меҳрубон! Аввалан, ташаккур, ки барои мусоҳиба бо мо вақт ҷудо намудед.

- Во алейкум салом. Саломат бошед!

- Устод, агар мумкин бошад, каме аз даврони бачагӣ ва айёми наврасиатон нақл мекардед.

- Хуб, даврони бачагии ман дар оғӯши Дарвози зебоманзар сипарӣ шудааст. Шукри Худо, мо дар оила 7 фарзанд будем ва фарзанди аз ҳама хурдӣ ман будам. Мутаассифона, дар синни 5-солагӣ падарам аз дунё гузаштанд ва мо зери тарбияи модар ба воя расидем. То ҷое, ки ёд дорам, ҳамеша кӯшиш мекардам, то боиси ранҷиши модар нагардам. Раҳматии модарам, рӯҳашон шод бод, ҳамеша таъкид карда мегуфтанд: “Писарам, кӯшиш кун, то касеро наранҷонӣ ва ҳеҷ гоҳ коре накун, ки касе ҳайфи ту гӯяд”. То ҳол агар аз ҳадди эътидол набароям, кӯшиш мекунам ба сари ягон нафар овози худро баланд накунам, то ҳамсуҳбатам аз ман озурдахотир нашавад.

Ҳамин тариқ, соли 1973 мактаби таҳсилоти 8-солаи ба номи А. Навоии ноҳияи Дарвозро хатм намудам. Пас аз хатми мактаб модарам аз дунё гузаштанд ва бо амри тақдир, ман ҳамроҳи бародарону хоҳаронам ба шаҳри Ваҳдат кӯчида омадем. Таҳсилоти умумиро дар мактаби таҳсилоти №3-и баноми С. Олимови шаҳри Ваҳдат гирифтам.

- Мехостем бидонем, ки чаро Шумо маҳз ихтисоси забони форсиро интихоб намудед?

- Вақте дар синфи 7-ум таҳсил мекардем аз шуъбаи маорифи ноҳия якчанд намояндагон омаданд ва дар бораи интихоби касби оянда миёни мо пурсиш гузарониданд. Дар аввал як каме парешон шудам, вале баъдан бо тавсияву роҳнамоии устодон ба хулосае омадам, ки ман бояд шарқшинос шавам. Ҳамин буд, ки ин ихтисос ба орзуи ман мубаддал гардид ва  ман ҳамеша кӯшиш мекардам нағз хонам, то ба факултети Шарқшиносӣ дохил шавам. Ҳамин тариқ, баъди хатми мактаби миёна соли 1976 ҳуҷҷатҳоямро ба ин факултет супоридам. Он замон факултети Шарқшиносӣ танҳо 50 нафардонишҷӯ қабул мекард, ки аз он 25 нафарро барои шӯъбаи арабӣ ва 25 нафарро барои шӯъбаи форсӣ интихоб мекарданд. Шумораи довталабон бошад зиёда аз 1000 нафар буд. Хушбахтона, баъд аз супоридани имтиҳонҳо ба шӯъбаи форсии факултети Шарқшиносӣ дохил шудам. Факултети мо аввал дар бинои марказии ДМТ ҷойгир буд. Вақте аввалин бор ба бинои факултет дохил шудам вуҷудамро ларзае фаро гирифта буд ва хеле ҳаяҷон доштам, зеро ман акнун ДОНИШҶӮИ факултети ШАРҚШИНОСӢ ба шумор мерафтам.

- Устоди азиз, агар моил бошед, каме оид ба сафарҳои хизматиатон ба Афғонистон қисса мекардед.

- Оғози ин сафарҳо чунин буд: соли 1979 мо дар курси 3-юми шуъбаи форсии факултети Шарқшиносӣ таҳсил менамудем. Моҳи июни ҳамин сол 8 нафари моро аз тарафи Вазорати Дифои Ҳукумати ИҶШС ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон равон карданд. Мо дар ин кишвари ҳамсоя тӯли 2 сол ба сифати тарҷумони забони дарӣ адои хизмат намудем. Баъдан ба Тоҷикистони азиз бозпас омадем ва таҳсили худро идома додем.

Бори дуюм соли 1982 аз тарафи Вазорати авиатсияи гражданӣ моро дубора ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон барои адои вазифа фиристоданд, ки сафари навбатии мо 3 сол давом карду мо соли 1984 ба Ватан баргаштем. Сипас таҳсилро идома дода, соли 1985 донишгоҳро бомуваффақият хатм кардем.

- Шумо, ки аз соли 1985 инҷониб дар ин факултет кор мекунед, оё боре андешаи аз ин факултет, аз ин донишгоҳ рафтан ба зеҳнатон омадааст?

Медонед, ин донишгоҳ, ин факултет барои ман ҷойи бисёр муқаддас аст. Бисёриҳо нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯянд: “Аз ҳамин факултет монда нашудӣ!?” Ман дар ҷавоб мегӯям, ки охир ман аз ин факултет баракати зиёд дидаам. Ман ба ин неъматҳои додаи Худованд чӣ хел ношукрӣ кунам: ман дар ҳамин донишгоҳ таҳсил намудам; аз ҳамин донишгоҳ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намудам; дар ҳамин донишгоҳ кор карда, дар пойтахт барои худ манзили истиқоматӣ харидам; бо ҳамсарам дар ҳамин донишгоҳ шинос шуда, оиладор шудем ва тӯли чандин сол аст, ки якҷоя дар ҳамин факултет кору фаъолият мекунем; фарзанди калониям ҳамин факултетро хатм намуд; фарзанди хурдиям ҳоло дар ҳамин донишгоҳ таҳсил мекунад. Пас, чаро ман аз ин донишгоҳ, аз ин факултет ношукрӣ кунам? Агар лозим шавад ман шабу рӯз барои ин факултет, донишгоҳ, баҳри ин Ватан хидмат мекунам.

- Дар ҷодаи касбиатон киро устоди худ мешуморед?

Ҳангоми таҳсил ва фаъолият устодони зиёде буданд, ки барои рушду пешрафти мо саҳми калонн гузоштаанд, аз ҷумла профессор Хромов Л.А., Файзалӣ Наҷмонов, Муъминов Ҳ., Ҳалим Қаҳҳорович, Комил Мусофиров, Фарҳод Абдусаломов, Ҳусейнзода, устод Ҳасанлӣ, Акбар Зореъ, Ҳомидов, муаллима Исаева С, Шукроева С. Ва дигарон. Бовар кунед, ҳамаи устодоне, ки дар ин факултет кор мекарданд, устодони баландихтисос ва пуртаҷриба буданд.

- Шумо, ки бо ҳамсаратон муллима Раҳматуллоева З. дар як ҷо кору фаъолият мекунед, муносибатҳои оилавӣ ва кориятон омехта намешавад?

- Ростӣ, ин саволро ба ман бисёр устодон ва рафиқонам медиҳанд. Ҷавоби ман ин аст, ки ҳеҷ бадӣ надорад. Ба андешаи ман ин бисёр хуб аст, ки ҳамроҳи ҳамсаратон дар баробари якҷо зиндагӣ кардан боз бо ҳам кору фаъолияти муштарак дошта бошед ва дар ҳама ҳолат дастгири ҳамдигар бошед.

- Муҳаббат аз нигоҳи шумо чист?

- Медонед муҳаббат дар худ маъниҳои зиёд дорад, аз ҷумла дӯст доштани Ватан, модар, ҳамсар, фарзанд, дӯст доштани зиндагӣ...

Ба андешаи ман дӯст доштани зиндагӣ – ин як умр бо ҳам зистан ва ҳеҷ гоҳ аз ҳамдигар хаста нашудан аст. Агар ҳар як шахс ҳамин хел дӯст дорад, дигар дар дунё на ҷанг мемонаду на муноқиша.

- Чӣ тавре, ки медонем, оилаи шумо аз ҷумлаи оилаҳои муваффақ аст. Шояд, аз муваффақиятҳои фарзандонатон чанд ҷумла зикр мекардед.

- Шукронаи Худо, мо соҳиби се фарзанд ва ду набераи дӯстрӯй ҳастем. Фарзанди калониам Салтанат аст, ки ихтисоси модарашро интихоб намуд, яъне ихтисоси забони ҳиндии ҳамин факултетро хатм кард ва алҳол дар радио кору фаъолият мекунад. Фарзанди дуюмамон Сомон Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолият мекунад. Фарзанди хурдиамон Камолиддин бошад донишҷӯйи факултети иқтисод ва идораи ДМТ аст.

- Устоди азиз, чун шуморо дар ҷодаи худ муваффақ медонанд, шумо ба донишҷуёне, ки дар ин соҳа қадамҳои нахустини худро гузоштаанд, чӣ тавсияҳо медиҳед?

- Ростӣ, ман намедонам то кадом дараҷа муваффақ гардидаам, вале агар дигарон чунин баҳогузорӣ карда бошанд, пас ман худро хушбахт медонам. Ба шогирдоне, ки ин ихтисос ва умуман ихтисосҳои факултети забонҳои Осиё ва Аврупоро интихоб намудаанд, тавсия медиҳам, ки нисбати дарс ва устодон меҳрубонона муносибат кунанд. Аз донишу малакаи устодони собиқадору донишманд ва баландихтисоси факултет самаранок истифода баранд. Ба қадри устодони худ бирасанд ва эҳтиромашонро ба ҷо биёранд. Бовар кунед, ҳар чӣ мекунанд, барои худ мекунанд. Масалан, устодон моро хеле дастгириву роҳнамоӣ кардаанд, ки имрӯз битавонем мустақилона фаъолият намоем, аммо мо барои устодони худ чӣ ҳам кардем? – Ҳеҷ. Фақат гуфта метавонем, ки ташаккур ба ҳамон устодон, ки моро роҳнамоӣ карданд; раҳмат ба ҳамон устодон, ки имрӯз мо метавонем коре бар нафъи ҷомеа анҷом дода бошем.

Ҳамчунин ба шогирдон ҳаминро гуфтаниям, ки дар ҳаёт пастию баландиҳои зиёде мешавад, аммо дар ҳама ҳолат ростқавлу ҳалолкор ва рафтори шоиста доштан камоли инсонист.

Ба донишҷуён доимо ҳаминро таъкид мекунам, ки обрӯйи Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар арсаи байналмиллалӣ ҳама вобаста аз мост. Ҷавонони мо муаррифигари ватану миллат ҳастанд. Барои ҳамин бояд пурмасъулият бошанд ва вақти худро самаранок истифода баранд.

- Шиори шумо дар зиндагӣ чист?

Ман аслан кӯшиш мекунам ба қадри тавони хеш ҳоҷати як корафтодаеро бароварда созам ва ин амалро барои худ як фурсат меҳисобам; Агар дархост аз доираи салоҳияти ман берун бошад, мекӯшам то ҳадди имкон роҳнамоияш кунам. Ҳеҷ коре ҳам ки карда натавонам, як сухани хубе мегӯям, то ҳамсуҳбатам аз ман наранҷад. Кӯшиш мекунам, ки ягон кас аз гуфтор ва рафтори ман озор наёбад.

- Ташаккури зиёд, барои як суҳбати бисёр озоду самимӣ ва тавсияҳои муфид! Бароятон дар зиндагӣ ва фаъолияти корӣ комёбиҳои беназир ва сарбаландиро таманно дорем!

Саломат бошед! Ба шумо низ муваффақият!

таҳияи донишҷӯйи курси 2 арабӣ-англисӣ

ҲАМИДОВА САОДАТ