Хушбахтарин зани рӯйи дунё

  • Posted on: 29 April 2017
  • By: muharrir

Андешаҳои хушбахтарин зани рӯйи дунё, ки саршор аз муҳаббат ба зиндагист

(мудири кафедраи филологияи Ҳинд, дотсент Заррина Раҳматуллоева – ҳамсари устод Ҷобиров Давлатшоҳ)

“Ман ва Ҷобиров аввалин бор соли 1980 дар факултети Шарқшиносӣ шинос шудем. Он замон ман дар курси аввали шуъбаи забони ҳиндии факултети Шарқшиносӣ таҳсил мекардам ва Ҷобиров бошанд нав аз сафари хизматӣ аз Афғонистон баргашта буданд. Мо нав як каме бо ҳамдигар шинос шуда будем, ки ӯро дубора ба Афғонистон ба сафари хизматӣ равон карданд. Вақте ки аз он ҷо баргаштанд, мо аллакай дар курси чорум таҳсил мекардем. Ҳамагӣ як-ду маротиба вохӯрда будем, ки боз маро ба сафари хизматӣ ба Ҳиндустон равон карданд. Ҳамин тариқ, аввал ман ӯро ва баъдан ӯ маро интизор шуду мо, билохира, соли 1985 оила барпо намудем.

Муҳаббати самимӣ, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамчунин набудани рашку фишорҳои беҳуда – маҳз ҳамин омилҳо оилаи моро бунёд намуда, шукри Худо, то кунун онро мустаҳкам нигоҳ доштааст. Инак, мо тӯли 32 сол аст, ки якҷоя зиндагӣ мекунем ва соҳиби се фарзанду ду набера ҳастем. Медонед, аҷобаташ дар ин аст, ки ҳар чи қадаре ки мо ба ҳамдигар менигарем, аз ҳамон даврони шиносоиямон ҳеҷ тағйиротеро мушоҳида намекунем. Дар назари ман Ҷабиров ҳамон Ҷобирове мебошанд, ки аввалин бор вохӯрда будам. Мо як умр якҷоя зиндагӣ кунем ҳам, аз ҳамдигар хаста намешавем.

Ҳамчунин фазои донишгоҳ ва кору фаъолияти ҳамҷоя моро рӯз то рӯз боз ҳам наздиктар месозад.

Муаллим дар муҳити оила беҳтарин ҳамсар, беҳтарин падар ва беҳтарин бобо мебошанд. Ман худро хушбахттарин зани рӯйи дунё медонам, зеро бо чунин марди ҳалиму меҳрубон ва бисёр бофарҳанг зиндагӣ мекунам”.

таҳияи донишҷӯйи курси 2 арабӣ-англисӣ

ҲАМИДОВА САОДАТ