Ҷавонон ва рушди неруи инсонӣ

  • Posted on: 2 May 2017
  • By: muharrir

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ҷавонони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар Паёми имсола ба масъалаи сиёсати ҷавонон диққати махсус зоҳир гардид. Зеро татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Боиси ифтихори мо ҷавонон аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат арзёбӣ мешаванд.

Мо ҷавонон Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо мароқи том шунидем:

“Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд”.

Дар ҳақиқат ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Ин буд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Инчунин дар паёми имсола Президенти мамлакат изҳор намуданд:

“Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад...”

Мо донишҷӯён ташаббуси хирадмандонаи Сарвари давлатро дар бораи Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, кӯшишу ғайрат менамоем, ки ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошем.

Гузаштаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик гувоҳ аст, ки ҷавонони ватанпарвари миллати мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, ҳисси баланди миллӣ, ифтихор аз Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги хеш ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ мекунад ва баҳри ҳифз ва равнақу ривоҷи ин муқаддасот ҳамеша омодаи фидокориҳо мебошанд.

Боварии Ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҷавонон масъулияти моро афзун месозад. Мо ҷавонони кишварро лозим аст, ки баҳри татбиқи дастуру супоришҳо ва сиёсати ҳидоятмандонаи Президенти мамлакат масъулияти бештар эҳсос намуда, дар ободию шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем ва раванди рушди нерӯи инсониро дар мамлакат суръат бубахшем.

Ҳуснияи Файзалӣ,

донишҷӯи курси 2 арабӣ-англисӣ