Дар факултет маҳфили “Гулрез” баргузор шуд

  • Posted on: 28 May 2017
  • By: admin

Дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таҳти роҳбарии кафедраи филологияи Ҳинд маҳфили навбатии "Гулрез" бахшида ба соли ҷавонон  баргузор гардид. Маҳфилро мудири ҳамин кафедра Раҳматуллоева Зарина ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни суҳбат муаллима аз ҷавонон даъват ба омӯзиши илму дониш ва технологияи ҷадиди муосир намуда, таъкид намуданд, ки  ҷавонон бояд ба куллаҳои баланди илм дастрасӣ дошта бошанд, зеро Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро маҳз ба хотири пешрафти донишу малакаи ҷавонон соли ҷавонон эълон карданд. Бояд ҷавонони мо ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро падиде барои тараққиёту гулгулшукуфии  Тоҷикистони азиз донанд.
 Баъдан донишҷӯёни факултет Наврӯзи Ҷумъамурод, Муҳиба Асоева ва Бақозода Меҳронааз эҷодиёти хеш шеърҳо дар васфи Ватан, модар, ишқ ва ҷавонӣ қироат намуданд, ки аз тарафи ҳозирин хуб пазируфта шуд. Ҳамзамон  як қатор донишҷӯёни дигар низ дар мавзӯҳои гуногуни илмиву адабӣ маърӯза карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки маҳфили мазкур аз тарафи кафедраи филологияи Ҳинд тарҳрезӣ шуда, сари чанд моҳе баргузор мегардад.

Алимшоҳ Набиев