ДАҲСОЛАИ АМАЛИЁТИ “ТАНЗИМ”

  • Posted on: 14 June 2017
  • By: muharrir

Соли 2007 дар ҳаёти мамлакатамон дар баробари таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давраи рӯ ба рушди мамлакат ҳодисаи басо нодир – қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал омад (8 июни 2007, №272). Тавре дар сархати аввали ин қонун омадааст, «Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

Ҳадафи асосӣ аз қабули ин қонун, тавре дар моддаи якуми он омадааст, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад.

Зикр намудан зарур аст, ки қабули қонунро аҳолии кишварамон бо хушӣ пазируфтанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои деҳот, назди мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба зудӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими расму анъанаҳо таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар назди комиссияҳои мазкур вазифаи ба аҳолӣ фаҳмондани меъёрҳои қонун, назорати риояи танзими анъанаҳои миллӣ дар маҳалҳо гузошта шуд.

Тибқи анъана дар рӯзгори мо маросимҳое амал менамуданд, ки дар бисёр мавридҳо ба хароҷоти калон ва исрофкорӣ боис мегаштанд. Масалан, барои гузарондани тӯйи домодӣ волидон тамоми дороияшонро сарф карда, молу ашёи зиёд харидорӣ менамуданд, ки дар бисёр маврид боиси озурдахотирии одамони камбизоат мегашт. Маҳз қабули қонуни мазкур пеши роҳи ҳамаи бесару сомониҳо дар маъракаҳои мардуми кишварро гирифта тавонист. Дар расму оини мардумӣ ба зудӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Чунончи, маъракаи хатнасур агар пеш аз қабули қонун бо дабдаба гузаронда мешуд, пас аз қабули қонун, бо иштироки доираи маҳдуди хешу ақрабои оила – на зиёда аз 60 нафар гузаронида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, хатнаи фарзанд акнун аксар вақт дар муассисаҳои табобатӣ аз тарафи мутахассис анҷом дода мешавад, ки ин ҳолат кафолати солимии кӯдакро таъмин мекунад.

Тӯйи домодию арӯсӣ, ки қаблан қариб як ҳафта идома намуда, хароҷоти зиёдро талаб мекард, тибқи қонун ба ду рӯз маҳдуд карда шуд, ба зиёфати тӯёна танҳо 150 нафар даъват мешаванд. Вале агар оши тӯйро ду оила бо ҳам гузаронанд, онҳо ҳуқуқ доранд аз ду тараф ба маъракаи оши тӯй то 200 нафарро даъват намоянд.

Гузаронидани маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс тибқи қонун манъ карда шуд. Барои маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бошад истифодаи ҳамагӣ 4 автомошинаи сабукрав иҷозат дода шудааст.

Дар сатҳи мақомоти давлатӣ ҳам бар хилофи ҷашнҳои давлатӣ ҳар гуна маъракаҳои барзиёде ба миён омада буданд, ки хароҷоти зиёдро талаб мекарданд. Танҳо њамин қонун тавонист, ки садди роҳи бенизомиҳо дар гузарондани ҷашнҳои гуногун гардад.

Ин қонун бешубҳа ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фаро гирифтааст. Қонун ҳатто маросимҳои дафну азодорӣ, маросими ҳаҷро ба танзим медарорад.

Дар маросими дафну азодорӣ барпо намудани маросими «се» бе додани таъом иҷозат буда, маросими чил ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таом гузаронида мешавад. Шахсони азодор метавонанд маросими солро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таом дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи Иди Қурбон ва њар вақти дигаре, ки ба баргузории соли майит мувофиқ аст, гузаронанд. Дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё манъ карда шудааст.

Дар баробари ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо, қонун тартиби хизматрасонии ҷашну маросимҳо аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳоро низ муайян намудааст.

Тавре дар қонун омадааст, «маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо муқаррароти Қонуни мазкурро бояд вобаста ба шумораи даъватшудагон риоя намоянд. Тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар мешавад».

Тавре таҷрибаи даҳсолаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон медињад, аҳолии мамлакат аз қабули қонуни мазкур манфиати калон дида, маблағу сармояи худро сарфа намуда, камтар ба исрофкорӣ роҳ медињанд. Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 май барпо шуда буд, аз љумла қайд гардид, ки дар тӯли даҳ соли қабули Қонун хароҷоти аҳолӣ барои барпо намудани ҷашну маросимҳо тахминан ба маблағи 17 млрд сомонӣ коҳиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки аҳолӣ маблағҳои сарфанамударо асосан баҳри таълиму тарбия фиарзандон харҷ намудаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама комёбиҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, маълум мегардад, ки ҳанӯз ҳам баргузори анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафи стратегии кишвар дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои дахлдор иқдом намудаанд, ки дар арафаи 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ, бо шунидани фикру мулоҳизаҳои намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд, то бо амалӣ сохтани онҳо ҳар чи зудтар зиндагии шоистаи фард-фарди кишвар таъмин гардад.

Итминони комил дорем, ки ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистони азиз дар ин чорабинии муҳимми давлатӣ фаъолона саҳм мегирад ва мо метавонем бо пешниҳоду ҳусни тафоҳуми дастаҷамъӣ огоҳона, бо меъёрҳои тафаккури солими асри технологӣ ва дар зимн бо ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва давлатдории қадимаи худ ҳама гуна анъана ва ҷашну маросимҳоро дар ҷумҳурӣ комилан танзим намуда, дар муддати кӯтоҳе сатҳи некуаҳволии мардумро дар маҷмӯъ то ҳадди шигифтангез баланд бардорем.

таҳияи Тоҳир Чилаев,

магистри соли аввали забони англисӣ