ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 24 June 2017
  • By: muharrir

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги хонумонсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

(Лоиқ Шералӣ)

Агар аз даричаи таърих назар афканем, хоҳем дид, ки халқи тоҷик халқи сулҳпарвару тамаддунофар ва таҳаммулпазир буда, ба хоки ҳеҷ сарзамине лашкар накашидааст ва бо шиори сулҳу дӯстӣ дар тӯли таърих арзи ҳастӣ намудааст, ки ин далели раднопазири таърихист. Барои халқе, ки дорои таърихи қадим, таҷрибаи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ буда, дар тӯли таърих борҳо шоҳиди ҷангу лашкаркашиҳои беамони давлатҳои бегона ба сарзамини худ гардидаасту бар зидди ин ҳама муборизаи беамон низ бурдааст, дар охирҳои қарни бистум низ як озмоиши ҷадид ва ҷиддиву сангини таърихӣ пеш омад, ки нагузаштан аз он хатари фурӯпошии давлати тоҷиконро, ки пас аз солҳои тӯлонӣ соҳибистиқлол гардидаву акнун дар раванди барқароршавӣ қарор дошта, ба эъмори давлати худ пардохта буд, дар пай дошт. Ҷойи иттиҳоду ҳамбастагиро ихтилофу ҷудойӣ гирифт. Гурӯҳҳои мухталиф ба вуҷуд омаданд. Ҷангу ихтилоф дар дохили давлат сар зад, ки нооромиву гуруснагӣ ва қатлу кушторро дар пай дошт. Нафарони зиёде дар ҷустуҷӯйи ҳаёти амну осоишта Ватани худро тарк карда, роҳи гарону сангини ғурбатро пеш гирифтанд. Баъзеҳо бо вуҷуди дурӣ аз пайвандону наздикони ғариби худ дар кишвари Афғонистон, зодгоҳи худ, Ватани азизи худро тарк карда натавониста, аз хешу ақрабои худ зиндаҷудо зиндагии мушкили ин ҷоро ихтиёр намуданд. Тамоми муқадддасоти инсонӣ, арзиши олии инсон будан поймол гардида, бақои миллат зери шубҳа рафта буд.

Эҳсос мегардид, ки даст ёфтан ба Истиқлолият ҳанӯз кофӣ нест ва гавҳари гаронбаҳои дигаре ин миллатро лозим аст, то ин вазъияти мушкилу таҳаммулнопазир, ҷангу ҷидолро ба ҳам бирезад ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷикро таъмин намояд. Ҳамагон нохудогоҳ дар умқи зеҳни худ ҷӯёи чунин як гавҳаре буданд, ки ба ин авзои бесомони онҳо сомон диҳад ва ба захмҳои аз теғи тунди таърих бардоштаи онҳо шифо бахшад. Дар вазъияте, ки сонияҳо тез мегузаштанду арзиши ногуфтанӣ доштанд, аҳамияти мавҷудияти чунин як гавҳар, ки онро “ВАҲДАТ” ном буд, батадриҷ меафзуд.

Дар ин лаҳзаҳои гарони таърих фарзанди фарзонаи миллат, марди соҳибхирад, ки дорои ишқи амиқу сарсупурдагӣ ба Ватану миллати худ буд, бо шиори сулҳу ваҳдат ба майдон омад ва ирода кард, то ба ин ҳама ҷангу ихтилоф, беадолативу ҷудоиҳо ва вазъияти мураккаб хотима диҳад ва бо қавле, ки дода буд: “Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ Сулҳу Ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ аз Ватан ба сар мабарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард”, миллати саргаштаи худро дубора ба ҳам овард. Ба ӯ эътимод ва такя намуданд. Нафароне, ки дар як замони таърихӣ бо дарду алам, ноилоҷ аз ин ҳукми тақдир, ормонҳоро дар дили худ гуронда, Ватанро тарк карда буданду ба он сарнавишти талх тан дода буданд, ба суханони ин фарзонафарзанди кишвар эътимод намуданд ва бо такя ба донишу хиради ӯ, бо як ҷаҳон умед ба Ватани худ баргаштанд.

Бо шиори Сулҳу Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи парокандаи тоҷикро ба ҳам овард, гурӯҳҳои мухолифу ҷангҷӯро ба мизи мусолиҳаву таҳаммулпазирӣ даъват намуд ва маҳз санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлати тоҷикон нақши ҳалкунанда бозида, сарнавишти минбаъдаи онро ба пуррагӣ ба гунаи дигар рақам зад ва маҷрои онро ба сӯйи зебоиҳо, ояндаи дурахшон, рушду пешрафт равона намуд. Дар ин санаи фархунда “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин санади муҳимме буд, ки ба дастоварди деринтизори халқи тоҷик – Ваҳдати миллӣ муҳри таъйид зад ва миллати боасолати тоҷик аз ин имтиҳони таърих низ, ки шикасту ранҷ, талафоту заҳмати зиёдро дар пай дошт, бо сари баланд гузашт!

Чун неъмати Ваҳдат муяссар гашт, рушди босуръат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шурӯъ шуд. Мардум қадам ба қадам ба оромишу рифоҳ, рушду пешрафт расида, давлат тараққӣ мекард, иншооти азими аср сохта мешуданд ва ғояи Ваҳдату Якдилӣ шиори мардуми тоҷик гардида буд. Воқеан, ҳазор муваффақият ба андозаи як шикаст ба инсон сабақу омӯзиш намедиҳад. Ин озмоиш низ ба халқи тоҷик сабақҳои зиёд дода, баҳри бунёди давлату давлатдории навин, ҳаёти наву зебо омода намуд ва баҳри дарки аҳамияти воқеӣ ва арзиши таърихии Сулҳу Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ мусоидат намуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки сарҷамъ омадан ва муттаҳид шудан дар атрофи меҳвари муайяне сурат мегирад. Ваҳдати миллии мо низ ба чунин як меҳвар ниёз дошт ва ҳанӯз ҳам ниёз дорад, ки ин меҳвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ба миён омадани ваҳдати миллии тоҷикон бо корнамоиҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Мо халқи тоҷик шукрона аз он мекунем, ки айни ҳол ваҳдату ягонагӣ ҳукмрони фазои иҷтимоиву сиёсии кишвари мост ва меҳвари ин ваҳдати миллат Пешвои миллат аст.

Бо ибтикори Сарвари давлат ва фарзандони баруманди кишвар, ки дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ омаданд, кохи боазамати Ваҳдати миллии тоҷикон поярезӣ гардид, ки кори саҳлу осон набуда, ҳамзамон бо рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ сол аз сол таҳким меёбад ва мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ мувоҷеҳ месозад. Албатта, ҳифзу нигаҳдории ин кохи боазамат неруву заковати на камтар аз онро тақозо намуда, масъулияти бузурги ҳар як фарди худогоҳу бедордил, масъалаи нангу номус, бақои миллату давлат буда, дурахшандагии доимӣ ва самарабахшии он махсусан рӯйи тавонмандиҳои фардиву дастаҷамъонаи ҷавонони кишвар побарҷо мемонад. Соли ҷавонон эълон гаштани соли ҷорӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мо ҷавонони саодатманди насли Истиқлол далели ин гуфтаҳост.

Дар шароити замони муосир, ки манфиатҳои зиёду мухталиф ба ҳам мехӯранд ниёз ба ҳамчунин падидаи наҷибе чун Ваҳдати миллӣ беш аз пеш эҳсос мешавад, то мо миллати басаодатрасидаи тоҷик битавонем бо ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз роҳи дурахшони ояндаро бо рушду тараққиёти бемисли таърихӣ ва эҷоди тамаддуни ҷаҳонгир тай намоем. Барои амалӣ шудани ин иқдомҳои наҷиб мебояд дар атрофи Сарвари давлати хеш, Пешвои миллат ба ҳам биёем ва тамоми саъю талоши худро баҳри ҳифзу нигаҳдории Ваҳдати миллӣ равона созем, зеро ВАҲДАТИ МО – БАҚОИ МОСТ!

Парокандагӣ аз нифоқ хезад,

Бузургӣ аз иттифоқ хезад!

Муҳиба Асоева,

донишҷӯйи курси 4 арабӣ-англисӣ