ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

  • Posted on: 24 June 2017
  • By: muharrir

Ваҳдати миллӣ барои халқи сарбаланди тоҷик нуқтаи эҳёи маданияти давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи соҳибфарҳангу боасолат ва таҳкими сулҳу субот дар қаламрави кишвар гардид, ки аз худ пешомадҳои наҷиби таърихӣ ба бор овард!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад.

Дар ин марҳилаи муҳимми таърихӣ муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли имрӯза, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллии мардум ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмин намудани ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти фарҳангӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи на танҳо равшанфикрону аҳли зиё, балки ҳар фарди худогоҳи тоҷик мебошад ва дар ин замина нақши ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли равон далели ин гуфтаҳост.

Аз номи садорати факултет тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикони ҷаҳон, махсусан хатмкардагону собиқадорони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ шарқшиносӣ), ҳайати устодону донишҷӯёнро бо 20-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, сарбаландӣ, нерӯи созанда ва фаъолияти пурсамару пуршарафро баҳри рушди шукуфоии пайвастаи Ватани маҳбубамон – ТОҶИКИСТОН таманно менамоем. Бигзор, Ваҳдати миллӣ бо неруи бунёдгузору созандаи хеш мардуми шарифи Тоҷикистонро бо дастовардҳои навину бемисли таърихӣ рӯ ба рӯ созад!