МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

  • Posted on: 2 September 2017
  • By: muharrir

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад». Тавре Президенти кишвар изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Сарвари кишвар изҳор доштанд, ки имрӯзҳо ҷавонон дар тамоми соҳаҳои мамлакат фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд.

Албатта, нақши ҷавонон дар ҷомеаи мо хеле бузург аст. Зеро ҷавононро неруи пешбаранда ва созандагони фардои мамлакат меҳисобанд. Мардуми тоҷик аз азал мардуми озодихоҳу ватандӯст буда, ҳамеша барои мустақилияти кишвари хеш муборизаҳо мебурд. Баъд аз барҳам хӯрдани ИҶШС мардуми тоҷик барои мустақилияти кишвари худ кӯшишу талошҳои зиёд намуд. Ба бахти мо 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикстони азизи мо соҳибистиқлол гардид.

Хурсандиовар аст, ки дар даврони Истиқлолият зиндагиву таҳсил менамоем ва ҳамсолони мо барои такмили маҳорату донишҳои хеш дар давлатҳои хориҷ таҳсил мекунанд.

Истиқлолият рӯзи тавлиди Ватан, рӯзи умеду орзуҳои мардуми тоҷик, рӯзи сулҳу ваҳдат, бедориву ҳушёрӣ дар афкору гуфтору кирдори мост. Истиқлолият аз ифтихору нангу номус, саодату хушбахтӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати тоҷик дарак медиҳад, зеро насли Сомонро ҷаҳониён аз рӯи хирадмандӣ ва чеҳраҳои мондагори таърихиаш, ба монанди Рӯдакӣ, Сино, Ҷомӣ, Айнӣ, Турсунзода ва дигар қаҳрамонони сулҳпарвар мешиносанд. Имрӯз бошад, мо миллати сарбаланди тоҷик ҳамакнун 26-умин солгарди Истиқлолияти кишвари азизу дӯстдоштаамон Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Мо ҷавонон хушбахт аз онем, ки дар давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ба камол расида истодаем. Имрӯз боиси ифтихору саодатмандист, ки метавонем озодона аз пайи омӯхтани илму ҳунар шуда, дар зери осмони софу беғубори диёр ба халқу Ватани азизамон Тоҷикистон хидмати арзанда намоем.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолият ҳам неъмат аст, ҳам иқбол, ҳам саодат ва ҳам бахти безаволи мардуми тоҷик. Бузургтарин падидаи Истиқлолият ин ҳамраъйӣ мебошад, ки ба туфайли он давлату ҷомеа рӯ ба пешравӣ ва ободиву созандагӣ меоварад. Маҳз ҳамин ҳамраъйӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 26 соли истиқлолияташ ба як қатор дастовардҳои беназири илмиву созандагӣ расидааст. Аз он ҷумла, сохтмонҳои азими мамлакат, аз қабили шоҳроҳҳои автомобилгард, НБО Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Чормағзак бунёд гашт. Сохтмони НБО “Роғун” бошад, бомаром идома дорад.

Мо насли имрӯзаи миллати тоҷикро, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯш дорем, мебояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба буёдкориву созандагӣ раҳнамун созем. Мебояд Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ватанамонро ободтару зеботар гардонем.

Тоҳир ЧИЛАЕВ,

магистри соли дувуми ихтисоси англисӣ