Ҷонишини декан оид ба таълим

Ҷобиров Давлатшоҳ Юсуфович, дотсенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, муаллими забон ва адабиёти форсӣ, номзади илми филология 14-уми августи соли 1958 дар ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи ба номи А.Навоии ноҳияи Дарвоз шурӯъ карда, мактаби таҳсилоти умумии №3-и ба номи С. Олимови шаҳри Ваҳдатро хатм намудааст. Соли 1985 факултети Шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси забон ва адабиёти Шарқ бомуваффақият хатм кардааст. Дар даврони донишҷӯйӣ ду маротиба – солҳои 1979-1980 ва солҳои 1982-1984 ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (ҳоло Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ба сифати тарҷумони забони дарӣ сафари хидматӣ намудааст. Ҳамчунин ба дигар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Миср сафар намудааст. Донандаи забонҳои форсӣ, русӣ ва арабию англисӣ (бо луғат) мебошад.

Кор ва фаъолияти устод Ҷобиров Д. аллакай аз даврони донишҷӯйӣ оғоз гардида, пас аз хатми донишгоҳ дар ҳамин факултет идома меёбад: солҳои 1985-1989 мудири кабинети кафедраи филологияи Эрони УДТ; 1989-1992 аспиранти кафедраи филологияи Эрон; 1993-1998 ассистенти кафедраи мазкур; 1998-2004 муаллими калони кафедра, аз моҳи декабри соли 2004 то ҳол дотсенти кафедраи филологияи Эрон ва ҳамчунин аз соли 1995 инљониб муовини декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо оид ба таьлим.

Соли 2003 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Зиндагӣ ва эҷодиёти Ҳазини Лоҳиҷӣ” зери роҳбарии ходими пешбари Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология шодравон Амрияздон Алимардонов дар Шӯрои диссертатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

Устод барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоистаашон бо мукофотҳои зерини давлатӣ сарфароз гардонида шудааcт: бо медалҳои «Корномаи ҷангӣ» («За боевые заслуги»), «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон», «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Оиладор, падари се фарзанд.