Ҷонишини декан оид ба тарбия

Мусоямов Зубайдулло Муминшоевич, муаллими калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, 14-уми майи соли 1987 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №96-и шаҳри Душанберо хатм намудааст. Соли 2012 факултети забонҳои романӣ-германии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси забони англисӣ хатм кардааст. Дар донишкада ба ҳайси ҷонишини раиси Созмони ҷавонони донишкада ва роҳбари гурӯҳи бадеии чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолияти пурсамар нишон додааст.

Устод Мусоямов то имрӯз дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудааст: солҳои 2006-2008 ҳангоми донишҷӯ будан дар мактаби миёнаи №86-и ш.Душанбе ба ҳайси муаллими забони англисӣ; солҳои 2008-2009 ҳамчун менеҷери минтақавии яке аз ширкатҳои байналмилалии сайёҳии Hospitality дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико; 2009-2010 масъули бахши кор бо мизоҷон дар ширкати Baha computer works дар иёлати Вермонти ИМА; 2010-2011 мудири бахши иттилоотии ширкати истеҳсолии Twin craft soap, 2012-2016 ассистенти кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, аз 01 сентябри соли 2016 муаллими калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ ва инчунин аз моҳи апрели соли 2015 муовини декан оид ба тарбия.

Муаллим Мусоямов аз соли 2014 то имрӯз унвонҷӯйи кафедраи таърихи забон ва типологияи муқоисавии ДМТ буда, рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таҳлили сохториву маъноии истилоҳоти нармафзори компютерӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» зери роҳбарии доктори илми филология, дотсент Зайниддин Мухторов ба анҷом расонда, баҳри дифоъ ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия пешниҳод намудааст.

Мавсуф баҳри фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Номгӯи баъзе мақолаҳои ба табъ расидаи муаллим Мусоямов Зубайдулло:

1. Савияҳои дониши забони англисӣ.

2. Имтиҳоноти байналмилалии забони англисӣ.

3.Заимствование как основной способ пополнения национальной компьютерной терминологии.

4. О систематизации терминов компьютерной технологии.

5. О терминологии программного обеспечения в таджикском, русском и английском языках.

6. Об истории формирования компьютерной терминологии.

Ҳайати устодону кормандони факултет аз кору фаъолияти устод Мусоямов қаноатманд буда, аз ин устоди ҷавон дар оянда умедҳои зиёд доранду барояш муваффақиятҳои беназир таманно менамоянд.