Ҷонишини декан оид ба илм

Қурбонов Ҳайдар Абдураҳмонович, номзади илмҳои филологӣ, ҷониши декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо оид ба илм, 11.04.1964 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1981 ба факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1986 онро бо ихтисоси филолог-шарқшинос (забони урду) хатм намудааст. Бояд қайд кард, ки устод яке аз аввалин хатмкунандагони шуъбаи урду мебошад.

Солҳои 1986-1987 ба ҳайси муаллими мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав; 1987-1988 – тарҷумони Созмони Ҷавонон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон; 1988-1990 – муҳандиси корхонаи муштараки «Инфомэкс»; 1990-1995 – директори корхонаи хурди аграрӣ-истеҳсолии «Акбар» ва аз соли 1995 инҷониб ба ҳайси муаллими забони урду дар кафедраи филологияи Ҳинди ДМТ фаъолият дошта, ҳамзамон солҳои 2001-2007 дар вазифаи ҷонишини декани факултети Шарқшиносӣ оид ба тарбия ва аз моҳи январи 2012 – ҷонишини декан оид ба илм фаъолият карда истодааст.

Аз ҷумлаи таълифоти муаллим Қурбонов Ҳ. дастурҳои таълимии «Забони урду» (2007) ва «Фонетикаи забони урду» (1998, 2006 ва 2011) мебошад.

Устод рисолаи номзадии худро дар риштаи адабиёт дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ» дифоъ карда, монографияи эшон бо унвони «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ» соли 2017 аз чоп баромад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти яке аз адибони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар асри ХХ, муаллифи Суруди миллии ин кишвар Ҳафиз Ҷоландҳарӣ бахшида шудааст. Рӯнамои ин китоб дар нимаи дуюми августи 2017 бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор хоҳад шуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбал Сумро оид ба монографияи устод Қурбонов Ҳ. навиштааст: «...Боиси хушнудист, ки яке аз муҳаққиқони тоҷик, урдушинос, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон, номзади илми филологӣ Қурбонов Ҳайдар натиҷаи ковишҳои илмии чандинсолаашро дар шакли як рисолаи мукаммал барои чоп омода намудааст. Нашри ин асари муфиди илмиро, ки ба шоири маҳбуби халқи Покистон Ҳафиз Ҷоландҳарӣ бахшида шудааст, табрик мегӯям. Умед дорам, ки таҳқиқ ва нашри чунин асарҳо дар бештар таҳким ёфтани робитаҳои дӯстии мардумони Тоҷикистону Покистон ва боз ҳам қавитару наздиктар намудани фарҳанги ғании ҳар ду кишвар саҳми босазо хоҳад дошт».

Муаллим Қурбонов бо медалҳову мукофотҳои соҳавию давлатӣ сарфароз гардидааст: «Ветеран войны в Афганистане», «Воинская доблесть» – баҳри адои вазифаи интернатсионалӣ дар Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон, «Ҷашни 5-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷашни 10-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» – аз тарафи Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ва нишони фахрии «ЦК ВЛКСМ и КМО СССР».

Оиладор, соҳиби се фарзанд.