Филологияи араб

Кафедраи филологияи араб яке аз кафедраҳои бонуфузи факултет ба ҳисоб меравад, ки дар тӯли фаъолияти худ доир ба ташкили корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва тарбиявӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Кафедра соли 1968 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи дастпарвари Донишгоҳи Санкт–Петербург (собиқ Ленинград) профессор Владимир Павлович Демидчик таъсис ёфтааст. Профессор Демидчик В.П. то охирин рӯзи ҳаёти пурбаракаташ (1987) сарварии кафедраро ба ӯҳда дошт. Хизматҳои профессор Демидчик В.П. дар рушди илми шарқшиносии тоҷик сазовори таҳсин аст. Ў барҳақ, пешоҳанги ташкили мактаби мустақили арабшиносии тоҷик эътироф шудааст, ки фаъолияти он кас борҳо дар конфронсҳои минтақавӣ, конфронси сеюми умумииттифоқии арабшиносон (Ереван, 1968), конфронси умумииттифоқии шарқшиносони ҷавон (Тбилиси, 1973), конфронси умумииттифоқии шарқшиносон (Душанбе, 1988) ва ғайра баҳои баланд гирифтааст. Худи ҳамон вақт самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра муайян шуда буданд:
1) Таърихи қарни ХIХ адабиёти араб;
2) Сарчашмаҳои адабиёти арабизабони халқи тоҷик;
3) Таъсири адабиёти араб ба адабиёти Аврупо.
Аз соли таҳсили 2011-2012 кафедра қабули довталабонро ба гурӯҳҳои арабӣ-англисӣ ва арабӣ-фаронсавӣ шурӯъ намуд.
Дар ҳоли ҳозир сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саломов Аскар бар ӯҳда доранд.