Вожаи «ганҷ» ва вижагиҳои он

  • Posted on: 28 August 2016
  • By: admin

Таркиби луғавии забон ҳамеша дар ҳолати рушду такомулёбӣ қарор дошта, омўзиш ва таҳқиқи вожа ва вожасозӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими илми забоншиносӣ ба ҳисоб меравад, шарт ва зарур аст. Ҳар як забон дорои калимаҳои махсусе мебошад, ки ҳам аз лиҳози таърихию фарҳангӣ ва ҳам аз лиҳози сохтору маъно аҳамияти хосса доранд. Забони форсӣ-тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қадим ба шумор меравад, ба шоха ё гурўҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил мебошад. Забони форсӣ-тоҷикӣ дорои вожаҳои гуногуни бисёр бузургу пурмоя буда, яке аз ғанитарин забонҳои ҷаҳон, аз лиҳози вожаву луғатҳо маҳсуб мешавад. Дар ин мақола камина кушиш ба харҷ додам, то перомуни вожаи «ганҷ» ва вижагиҳои он маълумоте диҳам.
Вожаи (گنج) «ганҷ»-ро дар забони паҳлавӣ (گنج) «ганҷ», дар забони арманӣ (گنج) «ганҷ», дар забони оромӣ (گنزا) «ганза» ва дар забони арабӣ (کنز) «канз» гуянд. Бояд гуфт, ки ҳар як вожа дар забон ба ду маъно, луғавӣ ва истилоҳӣ маънидод карда мешавад. Мувофиқи «Луғатнома»-и Деҳхудо, маънои истилоҳии вожаи «ганҷ» (گنج) чунин арзёбӣ карда шудааст. «Ганҷ маҷмуи зар ва гавҳареро меноманд, ки дар зери хок ниҳон гаштаанд». Шарҳи   «Луғатнома»-ҳои Бурҳон ва Муин, низ дар иртибот ба вожаи ганҷ ҷолиб ба назар мерасад: «хазинаи симу зар, пулҳои тилло ва нуқра ё ҷавоҳироти дар ҷое ниҳон карда шударо, ганҷ гуянд». Агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, маънои вожаи «ганҷ»-ро чунин хоҳем дарёфт. «тиллову нуқра ва ҷавоҳироти мавҷуд ё дар зери хок пинҳонкардаро ганҷ мегуянд». Дар «луғати русӣ-тоҷикӣ», ки соли 1985 ба таъб расидааст, вожаи «клад» ба маънои ганҷ, дафина, хазина омадааст.
Агар ба таърих ва қадимияти вожаи мазкур таваҷҷўҳ назар кунем, ин вожа аз забонои оромии сомӣ, яъне(گنزا)  ганза (ganza) гирифта шудааст ва инчунин китоби маъруфи қабилаи  мундаиён, ки дар Аҳваз ва ҷанубу ғарбии Ироқ зиндагӣ мекунанд, аз ҳамин вожа аст. Вуҷуд доштани ин вожа дар забонҳои мазкур, ин нишондиҳандаи муштарак будани он дар забонҳои сомӣ ё арабии қадим мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки вожаи «ганҷ» ба ин маъниҳо дар осори пурғановати шоирон ва мутафаккирони классики форсу тоҷик, аз қабили Абўабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Асадии Тўсӣ, Саноӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ ва чанд тан аз адибони дигар ба таври васеъ истифода шудааст, ки мо метавонем чанд намунае аз ашъори онҳоро мисол биорем.
Беҳ аз ганҷу дониш ба гетӣ куҷост,
Киро ганҷу дониш бувад подшост.
Асадии Тусӣ
Якояк бигуяд надорад ба ранҷ,
Нахоҳад бар ин посух аз шоҳ ганҷ.
Абулқосим Фирдавсӣ
Ин аст, ки ганҷ нест бе мор,
Ҳар ҷо, ки ратаб бувад, бувад хор.
Саноӣ 
Ганҷи бе мору гули бехор нест,
Шодии беғам дар ин гулзор нест.
Мавлавӣ 
Ганҷи озодагиву ганҷи қаноат ганҷест,
Ки ба шамшер муяссар нашавад султонро.
Саъдӣ 
Бояд гуфт, ки дар забони тоҷикӣ каму беш ҳама ҳиссаҳои асосии нутқ, исм, сифат, феъл, зарф метавонанд ба ҳам таркиб шуда, маъно ва мафҳумҳои тоза офаранд. Иштироки бандаки изофӣ дар таркиби феълӣ ва пешванду пасвандҳо дар аввалу охири калимаҳои содда ва мураккаб ва имконияти густариши доираи вожаҳои забонро бештар мекунад. Инчунин дар ин забон бисёре  исмҳо, сифатҳо, зарфҳо ва решаҳои феълӣ метавонанд ҳамчун пасванд ё пешванд дар вожасозӣ ширкат кунанд ва вожаҳои нав ташкил диҳанд.
Масалан вожаи «ганҷ»  бо истифода аз пасвандҳо таркиб ёфта, маъноҳои нав меофарад. Монанди ганҷа, ганҷур, ганҷина, ганҷрез, ганҷпардоз, ганҷҷўй, ганҷбахш ва ғайра.
Вожаи «ганҷ» бо истифода аз бандаки изофӣ. Монанди ганҷи ниҳон, ганҷи ноёб, ганҷи вайрона, ганҷи Қорун ва амсоли инҳо.

ШАРҲИ БАЪЗЕ ҲИССАҲОИ НУТҚ, КИ БО ВОЖАИ «ГАНҶ» ТАРКИБ ЁФТА МАЪНОҲОИ НАВ ОФАРИДАНД.

Ганҷа – қафасаи дарбарои гузоштани либос ва дигар лавозимоти хона, ҷевон, сандуқи оҳанӣ барои гузоштани дороӣ.
Ганҷавӣ- мансуб ба шаҳри Ганҷа (Озарбойҷон);  Ҳакими  Ганҷавӣ  лақаби шоири бузург Низомии Ганҷавӣ.
Ганҷафшонӣ- нисор  кардани ганҷу  мол,  афшондани  ганҷу  мол, ганҷбахшӣ.
Ганҷбахш - бахшандаи ганҷ, ганҷдеҳ, бахшандаи неъмату сарват.
Ганҷбахшӣ - амали  ганҷбахш; саховатмандӣ.
Ганҷбон - хазинабон,  нигаҳбони хазина.
Ганҷдон – ганҷгоҳ, ҷои нигоҳ доштани ганҷ.
Ганҷёб – ёбандаи ганҷ.
Ганҷина - 1. ҷои ганҷдиҳӣ, ҷои нигаҳдошти нуқраву тилло ва ҷавоҳироти дигар, махзан, хазина, дафина. 2. маҷ. кони чизҳои қиматбаҳо; боигарӣ, сарват; дари ганҷинаи чизеро кушодан ганҷи бисёр ба даст овардан; ба истифода расонидан ё дастрас намудани чизҳои пурарзиш хоначае дар пешгоҳи хона барои нигоҳ доштани китоб ва чизҳои қиматнок.
Ганҷинадор - нигаҳдорандаи ганҷина, хазинадор, хазиначӣ.
Ганҷинасанҷ - хазинадор, хазинабон, мутасаддии нигоҳдошти хазина; он ки зару ҷавоҳирро санҷида, ба хазина қабул мекунад
Ганҷӣ - 1. марбут ба ганҷ; шоистаи нигаҳдорӣ дар ганҷ, нигаҳдоришуда дар ганҷ. 2. маҷ. арзишманд.
Ганҷков - ҷўяндаи ганҷ, кобандаи боигарӣ.
Ганҷковӣ - ганҷҷўӣ, амали ганҷков.
Ганҷнома - коғаз ё чизи дигар, ки дар он ҷои пинҳон кардани ганҷ ва миқдори чизҳои қиматбаҳои он нишон дода шудааст.
Ганҷоган - он ки ганҷ меандўзад, он ки молу сарват ҷамъ мекунад.
Ганҷпардоз - бахшандаи  ганҷ, сарфкунандаи сарват.
Ганҷрез - ганҷбахш, гуҳарбор.
Ганҷсанҷ - он ки ганҷро мешиносад ва қиматашро таъйин карда метавонад, санҷандаи ганҷ.
Ганҷур - мутасаддии нигоҳдошти ганҷина, хазинадор, хизонадор.
Ганҷура - 1. хазина, ҷои ганҷҳо. 2. анбор, ҷои нигоҳдории ашёи қимат.
Ганҷурӣ - амал ва шуғли ганҷур, хазинадорӣ.
Ганҷхона - ҷои нигоҳдории ганҷ, хазинахона, махзан.
Ганҷхудо - соҳиб ва молики ганҷ.

АДАБИЁТ

1.    Алӣ Акбари Деҳхудо. Луғатнома - Теҳрон, 1375.  
2.    Доктор М.М.  Луғатнома- Теҳрон, 1353. 
3.    Назарзода С. Истилоҳоти забони тоҷикӣ. (таърих, гароиш ва дурнамо)- Душанбе, 2014
4.    Назарзода С., Сангинов А., Каримов С., Мирзо Ҳ. С. Фаранги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд), Душанбе, 2008. – 1900 с.

Алишер Зарифӣ
Унвонҷӯи кафедраи филологияи араб