Савияҳои дониши забони англисӣ

  • Posted on: 1 September 2016
  • By: admin

Шояд бисёриҳо дар бораи системаи байналхалқии забони англисӣ шунида бошанд, аммо на ҳама медонанд, ки чӣ маъно дорад ва чӣ тавр онро бояд гурӯҳбандӣ кард. Нафаре, ки забони хориҷӣ, хусусан англисиро меомӯзад, бояд сатҳи дониши забонии  худро донад, зеро ҳангоми дар саволнома дарҷ намудани маълумот оид ба кор, дар вақти супоридани имтиҳон дар донишгоҳҳои байналмилалӣ ё дар вақти дохилшавӣ ба мактабҳои олии хориҷӣ ва ғайра ниёз ба нишон додани сатҳи забондонии худ пайдо менамояд.
Системаи байналмилалии муайянкунии дониши англисиро метавон ба 7 қисм ҷудо кард, ки ҳар яке ифодагари сатҳи муайяни англисидонӣ мебошад.
1. Beginner – навкор, навёдгир, навшогирд. Дар ин савия донишҷӯ қариб аз забони англисӣ бехабар буда, омӯзиши забонро аз сифр, алифбо, қоидаҳои хониш ва ибораҳои сода оғоз мекунад. Ба хатм кардани савияи «Beginner» хонанда аз рӯи қоида, метавонад бе ягон мушкилӣ ба саволҳо дар вақти шиносоӣ бо одамони нав ҷавоб гардонад. Масалан: Номи ту чист?, Ту чандсолаӣ?, Ту аз куҷо ва дар куҷо зиндагӣ мекунӣ? Ва ғайраҳо. Ҳамчунин хонанда метавонад то 100 ҳисоб кунад, аз рӯи ҳарфҳо номи худ ва маълумоти шахсиашро гӯяд. Инчунин, метавонад калимаҳоро аз рӯйи «Spelling» (имло; қоидаҳои хат; таллафузи калима аз рӯи ҳарф) хуб фаҳмад.
2. Elementary- ибтидоӣ, поёнӣ. Ин савия баъд аз савияи навёдгир «Beginner» омада, қисми муқаддимаи забони англисиро меомӯзад. Савияи ибтидоӣ «Elementary» ба донишҷӯ  имконияти истифодабарии ибораҳои аз худ кардаро дар шаклҳои нав медиҳад. Дар ин марҳала донишҷӯ дар бораи рангҳо, хӯрокҳо ва мавсимҳо, обу ҳаво, реҷаи рӯз, давлатҳо ва урфу одати онҳо маълумот доданро меомӯзад. Қисми грамматика дар ин савия низ каме ҷиддитар мегардад. Дар ин савия шиносоии донишҷӯён бо замонҳо, аз ҷумла замонҳои: Present Simple (Замони ҳозираи одӣ), Present Contuous (Замони ҳозираи давомдор), Past Simple (Замони гузаштаи одӣ), Future Simple (Замони ояндаи одӣ) (will, to be going to) ва Present perfect (Замони ҳозираи мутлақ) мегузарад. Инчунин, баъзе аз феълҳои модалӣ  (can, must), шаклҳои гуногуни ҷонишинҳо, сифат ва дараҷаҳои он, категорияҳои исм ва шакли саволҳои содадар ин савия муҳокима карда мешаванд. Савияи “Elementary”-ро аз худ карда, аллакай метавонанд дар саволномаи KET (Key English Test) иштирок кунанд.
3. Pre-Intermediate - пеш аз миёна, то ба миёна. Савияи пас аз  «Elementary», «Pre-Intermediate» ном дорад. Тарҷумаи таҳтулафзии «Pre-Intermediate» “пеш аз миёна” мебошад. забоомӯзоне, ки ба ин савия расидаанд, аллакай ба сохтори бисёре аз ҷумлаҳо ва ибораҳо сарфаҳм мераванд. Онҳо дар маҷмӯъ дар бораи бисёре аз мавзӯъҳо сухан карда метавонанд. Савияи «Pre-Intermediate» боварӣ ва иқтидори (потенсиал) донишро зиёд мекунад. Дар ин савия матнҳо душвортар мешаванд, машқҳои амалӣ зиёд мегарданд. Инчунин, мавзуъҳои нави грамматикӣ ва сохторҳои мураккаби ҷумлаҳо омӯхта мешаванд. Мавзӯъҳои дар ин савия ҷойгирбуда, саволҳои мураккаб  замони «Past Contiunous» (Замони гузаштаи давомдор) шаклҳои гуногуни замони оянда, ҷумлаҳои шартӣ, феълҳои модалӣ, масдар ва герундӣ, такрор ва мустаҳакамкунии замонҳои «Past Simple» (Замони гузаштаи одӣ), (феъли дуруст ва нодуруст) ва “Present Perfect” (Замони ҳозираи мутлақ)-ро дар бар мегирад. Дар бораи малакаҳои шифоӣ дар ин савия метавон чунин гуфт: Ин савияро гузошта метавон бе мушкилӣ ба саёҳат рафт ва дониши азбаркардаи худро дар амал истифода бурд. Ҳамчунин пурра аз худ кардани забони англисӣ дар савияи «Pre-Intermediate» имконияти иштирок дар тести PET (Business English Certificate) Preliminary-ро медиҳад.
4. Intermediate - Миёна. Дар савияи Intermediate донишҳои гирифтаи дар фосилаи гузашта мустаҳакам карда шуда, лексикаи басо душвор омӯхта мешавад. Масалан: Характеристикаи (тавсифнома) хусусии одамон, терминҳои илмӣ, луғотҳои касбӣ ва ҳатто сленг (лаҳҷа, шева). Объекти омӯзиш дар ин савия тарзи фоъил ва мафъул, нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда, сифати феълӣ, феъли ҳол, ибораҳои феълӣ, пешояндҳо, тартиби калимаҳо дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст, артиклҳо ва ғайра мебошанд. Аз замонҳои грамматикӣ фарқияти Present Simple (Замони ҳозираи одӣ) ва Present Contiunous (Замони ҳозираи давомдор), Past Simple (Замони гузаштаи одӣ) ва Present  Perfect (Замони ҳозираи мутлақ),  Past Simple (Замони гузаштаи одӣ) ва Past Contiunous (Замони гузаштаи давомдор) ва ифодаёбии замони оянда ба пуррагӣ муҳокима карда мешаванд. Саволҳои тестӣ дар савияи «Intermediate» дарозтар ва пурмазмунтар гашта, алоқа ва муошират осонтар ва озод мегардад. Афзалияти ин марҳила дар он аст, ки дар бисёре аз корхонаҳои ҳозиразамон, донандагони маҳз ҳамин савия қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин ин савия барои сайёҳон созгор аст, чунки дониши гирифтаи дар ин савия имконияти озодона фаҳмидани забони англисӣ ва бо ин забон суҳбат карданро медиҳад. Баъд аз бомуваффақият гузаштани савияи мазкур, метавон имтиҳон ва тестҳои зеринро супорид: FCE (First Certificate in English), дар қайди B/C, PET level 3, BULATS (Business Language Testing Service), BEC vantage, TOEIC (Test of English for International communication) IELTS бо 4.5-5.5 хол ва TOEFL (Test of English as a Foreign Language) бо 80-85 хол.
5. Upper Intermediate – балантар аз миёна, миёнаи болоӣ. Агар забономӯз ба ин савия гузарад, ин маънои онро дорад, ки ӯ озодона забони англисиро фаҳмида, бо истифода аз луғатҳои дар фосилаҳои гузашта омӯхтааш, бе ягон мушкилӣ суҳбат карда метавонад. Дар савияии “Upper Intermediate” (миёнаи болоӣ) имкониятҳои зиёди истифодаи забони англисӣ дар амалия ба вуҷуд меоянд, чунки дар ин савия дарсҳои назариявӣ нисбатан каманд ва он ҳам бошад, такрор ва мустаҳкамкунии савияи “Upper Intermediate” (миёнаи болоӣ) аст. Аз грамматика дар ин савия метавон Narrative Tenses (Замонҳои баёнкунанда)-ро ҷудо кард, ки ба он замонҳо Past Сontinuous (Замони гузаштаи давомдор), Past Perfect (Замони гузаштаи мутлақ) ва Past Perfect Continuous (Замони гузаштаи мутлақи давомдор) дохил мешаванд. Замонҳои  Future Сontinuous (Замони ояндаи давомдор) ва Future Perfect (Замони ояндаи мутлақ), истифодабарии артиклҳо, феълҳои модалии ҷумла, феълҳои нутқи айнан нақлшуда, исмҳои абстрактӣ (мафҳумӣ) ва ғайраҳо омӯхта мешаванд. Савияи  Upper Intermediate (миёнаи болоӣ) яке аз савияҳои серталаб дар соҳаи тиҷорат (савдо) ва маориф мебошанд. Шахсоне, ки соҳиби ин савияи забони англисӣ ҳастанд метавонанд бе ягон мушкилӣ аз тамоми мусоҳибаҳо гузаранд ва ҳатто ба муассисаҳои таҳсилоти олии берун аз кишвар дохил шаванд. Бо хатм кардани савияи “Upper Intermediate” (миёнаи болоӣ) метавон чунин имтиҳонҳоро супорид:  FCE бо A/B  BEC (Business English Certificate) vantage (бартарӣ, фоида, афзалият, манфиат), ё инки Higher (олӣ), TOEFL бо 100 хол ва IELTS бо 5,5 ва 6,5 хол.
6. Advanced 1 – инкишоф, тараққӣ, пешрафта.Савияи Advanced 1 барои мутахассисон ва забономузоне, ки мехоҳанд равиши дониши англисии худро афзун намоянд, лозим аст. Назар ба савияи Upper Intermediate дида, дар ин савия бисёртар ибораҳои рехта ва идиомаҳо дида мешаванд. Шиносоӣ бо замонҳо ва дигар қоидаҳои грамматикии пеш аз ин омӯхташуда пурра гашта, мавзӯҳои муҳокимавӣ  хосса ва касбӣ мешаванд. Масалан: муҳити атроф ва катаклизмҳои табиӣ, ҷараёнҳои ҳуқуқӣ, жанрҳои адабӣ, терминҳои компютерӣ ва ғайра. Бо хатм кардани савияи Advanced 1 метавон имтиҳони махсуси академии CAE (Cambridge Advanced English), инчунин, IELTS бо 7 ва TOEFL – ро бо 110 хол супорид. Метавон соҳиби вазифаи хуб дар корхонаҳои берун аз кишвар ва донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Ғарб ё Амрико гашт.
7. Advanced 2 – бо тарзи аъло пешрафта, аз андоза зиёд тараққиёфта (савияи соҳиби забон). Метавон гуфт, ки аз ин савия болотар вуҷуд надорад, чунки ин савияи соҳиби забон будан аст, яъне шахси дар муҳити англисзабонон таввалудшуда ва дар ин муҳит ба воя расида. Бо чунин дониш метавон аз тамоми мусоҳибаҳо гузашт ва метавон бемушкилӣ тамоми намуди имтиҳонҳоро оид ба забони англисӣ супорид. Яке аз вариантҳои баландтарини санҷиши забони англисӣ ин имтиҳони академии CPE (Cambrige Proficiency Exam) мебошад. Аз ин савия гузашта, метавон тести IELS– ро бо холи баландтари 8,5 – 9 супорид. Дараҷабандии мазкур ESL (English as a Second Language)  ва ё EFL (English as a Foreign Language) гурӯҳбандии савияҳо ном гирифтааст ва аз тарафи ассосиатсияи  ALTE (Association of Language Testers in Europe) истифода бурда мешавад. Системаи (тартиб) савияҳо метавонанд вобаста аз мактабҳо, давлатҳо ва ташкилотҳо кам ва ё зиёд шавад. Масалан, баъзе аз ташкилотҳо савияҳоро аз 7 то 5 кам кардаанд: Beginner, Elementary  Lower Intermediate, Upper Intermediate, Lower Advanced, Upper Advanced. Лекин маъно ва мазмуни савияҳо аз ин тағйир намеёбад. Дигар системаи байналхалқӣ зери аббревиатураи CEFR (Common English Europian Framewok of Reference for Language) Савияҳоро бо 6 то ҷудокардааст. Онҳо дорои номҳоидигаранд. A1 (Breakthrough) = Beginner-навёдгир.

Мусаямов Зубайдулло
ҷонишини декан оид ба тарбия