Кафедраи забони англисӣ

Густариши рӯзафзуни робитаҳои байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол, супоришу дастурҳои роҳбари давлат ва Ҳукумати  ҶТ дар бораи омода намудани мутахассисони забондон, тарҷумон-референт роҳбарияти ДМТ ва факултетро водор сохт, ки соли 2014 кафедраи ихтисосии забони англисиро ташкил намоянд.

Мувофиқи фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 04.06.2014, таҳти №161-09 дар заминаи  кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо кафедраи тахассусии «Забони англисӣ» (English Department) ба фаъолият оғоз намуд.

Мудирии кафедраи забони англисиро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Наврӯзшоев Баҳриддин Хушҳолович ба ӯҳда доранд.

Фаъолияти кафедраи мазкур барои омода намудани мутахассисони ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ, забоншинос-тарҷумон (аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва аз забони тоҷикӣ ба англисӣ) ва мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (муҳлати таҳсил 5 сол), магистр – забоншинос-тарҷумон (аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва аз забони тоҷикӣ ба англисӣ, муҳлати таҳсил 2 сол) ва шуъбаи аспирантура (муҳлати таҳсил 3 сол) равона гардидааст.

Олимон ва муҳаққиқони шинохта Парвона Ҷамшедов, Абдусалом Мамадназаров, Сайфиддин Назарзода ҳамчун аъзо ва ҳамкори кафедра ба шогирдон сабақ меомӯзанд.

Ҳоло кафедра дар ҳайати 20 нафар устодон фаъолият дорад, аз ҷумла 1 профессор, 3 дотсент, 3 номзади илмҳои филологӣ, 3 муаллими калон ва 10 ассистент.

Устодон аз фанҳои забони муосири англисӣ, лексикология, назария ва амалияи фонетика, назария ва амалияи тарҷума, таърих ва ҷуғрофияи кишварҳои англисзабон, таърихи адабиёти англис, тарҷумаи хаттиву шифоҳӣ ва инчунин, курсу семинарҳои махсус ба донишҷуён дарс мегӯянд.

Омӯзгорони кафедраи мазкур дар баробари таълиму тарбия ба таҳқиқи масъалаҳои муҳимми омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарҷума ва проблемаҳои он, муқоисаи типологии забонҳо, ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи таърих, фарҳанг ва муносибатҳои иқтисодии мамлакатҳои англисзабони дунё машғул мебошанд. Қисме аз натиҷаҳои таҳқиқи илмии онҳо дар шакли китоб, дастуру воситаҳои таълимӣ ба табъ расидааст.

Кормандони кафедра:

  1. Наврӯзшоев Баҳриддин – дотсент;
  2. Мамадназаров Абдусалом – профессор;
  3. Додоҷонова Инобат – дотсент;
  4. Абдулфайзов Сайнуридин – дотсент;
  5. Саидов Нуралӣ – номзади илмҳои филологӣ;
  6. Иматшоева Мунира – номзади илмҳои филологӣ;
  7. Назарова Муҳаббат – номзади илмҳои филологӣ;
  8. Назирова Ҳадия – муаллими калон;
  9. Собирова Уғулбӣ –  муаллими калон;
  10. Мусоямов Зубайдулло –  муаллими калон;
  11. Бозорова Зиннат – ассистент;
  12. Ҳакимова Савлатбӣ – ассистент;
  13. Шайдуллои Ҳоҷӣ – ассистент;
  14. Маликова Умеда – ассистент;
  15. Шехов Изатулло – ассистент;
  16. Қурбонов Юсуф – ассистент;
  17. Иброҳимова Муаттара – ассистент;
  18. Диёров Шоҳиҷаҳон – ассистент;
  19. Боварова Ҳаётбегим – ассистент;
  20. Камолӣ Нилуфар – ассистент.

Фанҳои таълимии кафедра:

  • Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ;
  • Таърихи адабиёти англис;
  • Таърихи забони англисӣ;
  • Фонетикаи назариявии забони англисӣ;
  • Лексикологияи забони англисӣ;
  • Грамматикаи назариявии забони англисӣ;
  • Грамматикаи амалии забони англисӣ;
  • Курсу семинарҳои махсус;
  • Назария ва амалияи тарҷума;
  • Тарҷумаи шифоҳӣ, хаттӣ ва синхронӣ;
  • Муқаддимаи забони англисӣ;
  • Таърихи кишварҳои англисзабон;
  • Ҷуғрофияи кишварҳои англисзабон;
  • Фолклори минтақаи омӯзиш;
  • Таърихи тарҷумаи забони англисӣ.