Фаъолияти адабӣ ва осори Маҳмуд Темур (1894-1973)

  • Posted on: 8 September 2016
  • By: admin

Муносибатҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон, сабабгори пайдоиши жанрҳои нави адабӣ низ мегардад, ки намунаи барҷастаи он пайдошавии жанрҳои новелла, ҳикоя, повест ва ѓайра, дар адабиёти муосири араб мебошад. Бо назардошти омӯзиши сабабҳои падид омадани чунин жанрҳои адабӣ ва таъсири онҳо дар адабиёти араб, мавриди таҳқиқ қарор додани фаъолияти адабӣ ва осори яке аз саромадони жанри новелла дар адабиёти муосири араб ва бавижа адабиёти муосири Миср - Маҳмуд Темур муҳим ва саривақтӣ мебошад. Мо дар ин мақола мақсад гузоштем, ки фаъолияти адабӣ ва осори адабии Маҳмуд Темурро ба хонанда ва муҳаққиқи тоҷик ба сурати мухтасар ошно созем.
Жанрҳои новелла, повест ва роман аз тозатарин навъҳои адабие мебошанд, ки дар адабиёти араб таърихи чандон тӯлонӣ надошта, балки пайдоиш ва ташаккули онҳо ба даҳаи охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ рост меояд.
Дар адабиёти араб касоне, ки алоқаманди роман ҳастанд, номи яке аз хонаводаҳои машҳури курднасли мисрӣ, хонаводаи Темуриҳоро шунидаанд.
Нависандаи бузурги Миср Маҳмуд Темур 16-уми июни соли 1894 дар Қоҳира, пойтахти Миср ба дунё омадааст. ӯ бо эҷоди ҳикоя, роман, намоишнома, сафарнома ва пажӯҳишҳояш доир ба забону адабиёти араб шуҳрат ёфтааст (1,153; 2,263).
Аҳмад Темурпошо – падари Маҳмуд, дорои таълифоти зиёд дар улуми  таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва амсоли он буд. ӯ бо ҳиммат ва ѓайрати камназир ба рӯнависӣ ва ҷамъоварии мероси арабӣ ва исломӣ аз китобхонаҳои Остона, Париж, Лондон, Берлин ва дигар нуқоти Аврупо машѓул буда ва баъди марг захираи китобхонаи миллии Қоҳираро бо 17 ҳазор китоб ба ёдгор гузошт (6,19-17).
Оишаи Темур (1930), хоҳари Аҳмад Темур тавонист аз ҳамаи маҳдудиятҳое, ки дар он рӯзгор бар занони араб таҳмил мешуд, чандон дар арсаи шеъри классикӣ пеш рафт, ки баъзе аз мунаққидони ѓарбӣ ӯро бо шоираи юнонӣ - Сафо муқоиса кардаанд (5,125). Муҳаммад Темурро, ки бародари калонии Маҳмуд Темур буд, яке аз саромадони адабиёти достонӣ ва намоишии Миср, назарияпардози соҳаи ҳикоянависӣ ва аз мунаққидони дақиқназари ҳавзаи намоишноманависии ин кишвар донистаанд (8,247).
Маҳмуд Темур аз синни хурдсолӣ раҳнамоён ва ташвиқгарони шоистае дар канори худ дошт. Падари ӯ пас аз марги ҳамсари ҷавонаш худро ба китоб ва таъсиси китобхона бахшида, фарзандони худро ба ҳифзи «Муаллақа»-и Имр-ул-қайс ва мутолиаи осоре чун «Ҳазору як шаб» ташвиқ мекард.
Аммо заминаҳои мусоид барои рушди фикрӣ, фарҳангию адабии Маҳмуди ҷавон на дар хонаи Аҳмад Темур, балки дар навиштаҳои донишмандоне ба мисли шайх Муҳаммад Абду, Муҳаммад ва Маҳмуди Шанқитӣ, Маҳмуд Сомӣ ал-Борудӣ, Муҳаммад Рашид Ризо ва осори ховаршиносон аз қабили И.Ю.Крачковский қарор дошт (1,153).
Аҳмад Темур фарзанди худ Муҳамммадро тобистон ба заминҳои зироатии худ ба русто мебурд, то дар миёни кишоварзон унс гирифта, фарҳанги он ҷойро бишиносад ва одоби фурутанӣ биомӯзад. Маҳмуд бархе аз шахсиятҳои ҳикояҳои ояндаи худ ба монанди «Шайх Ҷумъа»-ро дар ҳамин муҳит ёфтааст (10,172).
Маҳмуд Темур, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи олии Кишоварзӣ дохил шуд, аммо дар синни 20 - солагӣ ба бемории сурхча (ҳасба) гирифтор шуда, муддати се моҳ ночор дар хона монд ва баъд аз беҳбудии саломатӣ, ҳам ба сабаби хастагии ҷисмонӣ натавонист таҳсилоти худро ба поён расонад. Онгоҳ барои ҷуброни нокомӣ дар таҳсил ба мутолиаи назм дар заминаи адабиёт оѓоз кард (9,173).
ӯ то ин замон осори  романтикии Мустафо Лутфӣ ал-Манфалутӣ, асари Ҷуброн Халил Ҷуброн «ал-Аҷниҳату–л-мутакассира» («Болҳои шикаста») ва ашъори орифонаву хайёлангези арабӣ ва ѓарбии муосирро хонда буд ва таҳти таъсири ин осор ба сурудани шеъри мансур пардохт (3,195).
Дар соли 1914 бародараш Муҳаммад, пас аз се соли иқомат дар Париж ба меҳан бозгашт. Сафари ӯ барои Маҳмуд шинохти ҷадиде дар усул ва равишҳои санъати адабиёти достонӣ ва намоишӣ буд. ӯ бо ақидаҳои инқилобӣ ва демократие, ки бо шеваҳои афкору одоти суннатии адабиёти арабӣ мухолиф буд, танҳо ду асари реалистиро боарзиш донист ва бародарро ба хондани онҳо ташвиқ кард, ки яке «Ҳадиси Исо ибни Ҳишом», осори Муҳаммад Мувайлиҳӣ ва дигаре «Зайнаб» таълифи Муҳаммад Ҳусейни Ҳайкал буд (3,196). Ин мубаллиѓи пуршӯри реализм Маҳмудро бо Ги де Мопасcан, нависандаи воқеъгароии фаронсавӣ, А.П.Чехов бунёдгузори мактаби айниятгароӣ муаррифӣ кард (3,197). Баъди ин Муҳаммад бо вуҷуди ошноии комил бо адабиёти араб ва муаррифии он ба Маҳмуд, тақлиди кӯркурона аз ѓарбиёнро намеписандид ва кӯшиш бар ин дошт, ки бо навсозӣ ва мардумӣ кардани адабиёту театри Миср, воқеиятҳои зиндагии мардуми ин кишварро ба қалам кашад. ӯ бо ҳамин ҳадаф маҷмӯаи ҳикояи «Мо тароҳу-л-ъайн» («Он чиро чашм мебинад»)-ро бо сабки воқеъгароёна ва ба гуфтаи И.Ю.Крачковский бо ранг ва бӯйи арабӣ – мисрӣ дар соли 1917 мунташир кард (9,173-174). Маҳмуд Темур ҳам аз соли 1916 то соли 1919 машѓӯли эҷоди осоре бо  сабки романтикӣ ва чопи он дар маҷалаи «ас-Суфур» буд (10,176-177).
Дар солҳои 20-ум дар адабиёти Миср мактаби муосири дурандешонаи жанри новелла пайдо гардид. Намояндагони ин мактаб асосан ҷавононе буданд, ки дар Фаронса ва Англия маълумот гирифта, бо асарҳои нависандаҳои аврупои ѓарбӣ ва рус бисёр хуб ошно буданд ва бо шавқу ҳаваси зиёд ва моҳирона адабиёти хориҷаро азбар мекарданд. Вале онҳо дар эҷодиёти худ кӯшиш карданд, ки анъанаи адабиёти классикии арабро истифодаи бештар баранд.
Дар ин солҳо Муҳаммад Темур дар байни ҳикоянависони ҷавони мисрӣ, эътибори зиёд пайдо карда буд. Махсусан, ӯ яке аз маҷмӯаҳои ҳикояи худро «Мо тароҳу-л-ъайн» («Он чиро чашм мебинад»)   ном  гузошта буд, ки намунаи чунин ҳикояҳо ҳисоб мегардид.
ӯ дар эҷодиёти худ инъикосгарӣ «ҳаёти мисрӣ ва рӯҳи мисрӣ, инчунин эҷод намудани адабиёти аслии мисрӣ» мебошад, ки қаҳрамонҳои онҳо бояд мисриён бо тамоми хусусиятҳои миллии худ бошанд. Ин ҳикоя барои ташаккули симои нависандагии Маҳмуд Темур таъсири амиқ расонид, зеро ӯ худро идомабахши кори бародари калонии худ мешуморид, ки хеле барвақт фавтида буд. Маҳмуд Темур аз хурдсолӣ ба адабиёти Ѓарб шинос шуда, дар давраи ибтидоии эҷодиёти худ таҳти таъсири Ге ду Мопассан қарор дошт. Ҳамчунин мо дар асарҳои ӯ беш аз пеш таъсири А.П.Чеховро эҳсос менамоем.(13,12). Аз гуфтаҳои боло маълум аст, ки таъсири адабиёти рус ба эҷодиёти нависанда хело қавӣ буда, дар мақолае, ки дар маҷаллаи «Шарқи муосир» чоп шуда буд, мегӯяд: «Ҳангоме ки  ман бо адабиёти ҷаҳонӣ  шиносоӣ пайдо кардам ва барои хондан асарҳои беҳтарашро интихоб кардам, аз ҳамон лаҳза бо Чехови бузург шинос шудам. Ман ҳикояҳои ӯро дӯст доштам, ки бароям, сарчашмаи дониш ва илҳом гардиданд. Баъдҳо ман бо ҳамаи адабиёти Ѓарб ошноӣ пайдо кардам, вале ба мисли пешина бо муҳаббати худ, нисбат ба ин ҳикоянависи нобиѓа содиқ мондам, ки бо туфайли ӯ, ман ҳамчунин нависандагони дигари бузурги русро ба монанди Л.Н.Толстой, И.С.Тургенев, Ф.М.Достоевский, М.Горкий ва дигаронро дӯст доштам. То имрӯз ман ба адабиёти рус тавҷҷӯҳи зиёд дорам. Барои А.П.Чехов бошад, дар байни устодони ҳикоя ё худ новелла ҷойи махсусро ҷудо мекунам… Ман бо тамоми қалби худ эҳсос мекунам, ки кадом риштаҳои рӯҳӣ, маро бо адабиёт ва санъати рус мепайвандад. Дар бораи сабаби ин дуру дароз андеша ронда,ман сирри инро фаҳмидам, ки байни ҷону рӯҳи адабиёти рус ва Шарқ умумиятҳои зиёде ҳаст, ҳатто гуфтан метавонам, ки онҳо ба мисли дугоникҳо бо ҳам монанданд,зеро дар байни онҳо дар воситаҳои ифода, дар эҳсосот ва дар кайфиятҳо шабоҳати зиёде аст...» (12,65-66).
Дар аввали солҳои 20-ум, вақте аввалин ҳикояҳои Маҳмуд Темур аз чоп баромаданд, дар адабиёти Миср жанри очерк бартарӣ дошт. Ҳикояҳои Муҳаммад Темур ва бародарон Убайд ва Лашин бисёртар дар жанри очерк буданд. Дар онҳо таҳлили равонии амиқ дида намешуд, андешаҳо гоҳ-гоҳ дар ақибнишинии жанри публисистика ифода мешуданд. Оммаи хонандагон, ҳанӯз барои қабули хусусиятҳои адабиёти бадеии жанри нав ва хондани новеллаҳо, ё худ ҳикояҳои кӯтоҳ тайёр набуданд, худи новеллаҳо «чизе ба мисли латифа» шуморида мешуд. Аз ин сабаб, Маҳмуд Темур дар муқаддимаи маҷмӯаҳои ҳикояҳои аввалини худ, ба хонанда фаҳмондан мехост, ки ҳикоя на фақат барои дилхушӣ эҷод карда мешавад, саъю кӯшиши зиёде менамуд, гарчанде ҷузъи дилхушӣ бояд дар ҳар як ҳикоя мавҷуд бошад.
Ҳанӯз дар давраи аввали эҷодиёташ Темур адибонро ба тасвири ҳаёти ҳақиқӣ даъват карда буд. Вай чунин ақида дошт, ки «чӣ қадар ҳикоя ба ҳаёт наздикӣ дошта бошад, ҳамон қадар нуфуз ва таъсири он пурқувватар мешавад. Хаёлот наметавонад ба одам онқадар, ки воқеаҳои ҳаррӯзаи ҳаёт таъсир мерасонанд, таъсир гузорад. Барои ҳамин новелланавис бояд сарчашмаи осори худ, ҳамаи хубию бадӣ, ширинию талхӣ ва одилию золимиро фаҳмида гирад... Вай бояд аз ин сарчашма чизҳоеро гирад ва манзараи ҳаётеро созад, ки хонандагон дар он худро бинанд ва маъниҳои ниҳонии воқеаҳоро фаҳманд» (11,13-14).
Аз Маҳмуд Темур ҳудуди 74 асар боқӣ мондааст, ки аз нигоҳи таснифбандии жанрҳои адабӣ, аз ин қабиланд:
1) 35 - маҷмӯаи ҳикояи кӯтоҳ, ки машҳуртарини онҳо иборатанд аз:
а) «аш-Шайх Ҷумъа ва қисасун ухро» (1925). Маҳмуд Темур дар ин нахустин асари ҷиддиву реалистии худ, бештар масоили марбут ба шахсиятпардозӣ на танзими ҳаводис машѓул гардидааст.
б) «Ал-ҳоҷҷу Шалби ва қисасун ухро» (1930). Нависанда дар ин ҳикоя шеваҳои суннатиро бо равиши хаёломез, ки хеле зиёд мавриди ниёз релизмӣ аст, баррасӣ мекунад.
в) «Бинту-ш-шайтон ва қисасун ухро» (1944), ки ҳикояи баландмазмун ва дилкаше аст, ёдоварии устураҳои кӯҳан бо рангҳои латифе аз фалсафа мебошад. Ин ҳикоя ба мо нишон медиҳад, ки хайри комил бо унсурҳои чун зебоии зиндагӣ ва камол барои табиати аҷибу печидаи одамӣ матлубтар ва муносибтар аст. «Духтари шайтон» одамизоде аст, ки дар муҳити аз ҳар зиштиву талхӣ, нуқс ва шурӣ дур монда ва аз вуҷуди ҷинси мазкур ҳам комилан беиттилоъ аст. Вуруди шоҳзодаи ҷасуру зираке аз ҷаҳони одамиён ба дунёи ӯ, ҳама чизро дигаргун мекунад. Маҳмуд дар «Бинту-ш-шайтон» фазои мансуб ва сеҳромези ҳикояҳоро ба хубӣ тасвир карда, гуфтугӯҳои ширини шахсиятҳоро ҳушмандона танзим кардааст (7,27-28).
2) Роман: Адибони муосири мисрӣ Доѓир Асъад 8-роман (1,158) ва Хаббоз Байёр10–романи ӯро зикр кардаанд (9,499-501).
а) «Раҷаб Афандӣ» (1928) Адиби муосири Миср Абдулмуҳсини Бадр дар бораи ин роман мегӯяд: «Маҳмуд бидуни ҳамдастӣ дар ранҷҳои амиқи мардум ба ишқ ва ривоятҳои онон машѓул аст ва ҳукми пизишкеро дорад, ки бидуни таъсир аз фоҷеаи марг як нест, бо ҳикояи зидди бемории уфунӣ шуда ва пӯшида дар дастакаш ба ташреҳи ҷанозаи ӯ мепардохт». Маҳмуд худ дар муқаддимаи романи «Раҷаб Афандӣ»-и, ин романро як ҳикояи имрӯзаи мисрӣ ва дар бораи аъзои табақаи миёна ва «ҳақир»-и ҷомеа ва дар садади ифшои паҳлӯҳои пинҳони зиндагии онон муаррифӣ мекунад (4,241-244).
б) «Нидоъ-ул-маҷҳул» (1939). Маҳмуд Темур дар ин роман, бо равиши Тавфиқ Ҳаким рӯҳи шарқиро таҷассум мекунад ва фазои шабеҳ ба фазои кӯҳани ишқҳои афлотунӣ меофарад. ӯ дар ин роман ба таҳлили реалистии муҳит, шахсиятҳо ва эҳсосоти онон мепардозад. Унсури хаёл, воқеъгароӣ ва танзпардозӣ дар ин роман дар канори ҳам қарор доранд (2,267).
3) Маҳмуд Темур 16–намоишнома навиштааст (1,156-158), ки  машҳуртаринашон иборатанд аз:
а) Намошномаҳои ҳаҷвӣ ва иҷтимоӣ, ки ду намоишномаи машҳури ин бахш иборатанд аз «ал-Махбау рақам 13». Маҳмуд ин намоишномаро як бор ба лаҳҷа ва бори дигар ба забони адабӣ навиштааст (10,250).
б) «Ҳафлату шой» (1943). Маҳмуд Темур дар ин намоишнома, ки яке аз беҳтарин мазҳакаи ӯ мебошад, ѓарбзадагии бархе аз ҳамватанони тоза ба давроне расидаи худро ба боди тамасхур мегирад, ки ҳам саҳнаҳои мазҳакӣ меофаранд ва ҳам меҳмониро бар ҳам мезананд.
4) Намоишномаи таърихӣ: Линду Яъқубмӯътақид аст, ки Маҳмуд Темур дар нигориши намоишномаи таърихӣ, муваффақияти чандоне надорад (10,249). «ал-Явму хамр» (1949), яке аз ин намоишномаҳо аст. Сохтори аслии асар, баргирифта аз зиндагии Умр-ул-қайс, шоири ҷоҳилии араб аст, ки албатта, Маҳмуд бо андаке дасткорӣ дар таърих ва тарҷеҳи ривояти ѓариб ва баъд саъй дар ҷаззобтар кардани он дорад.
5) Таҳқиқот доир ба адабиёт ва забони арабӣ: 13-китоб аз осори Маҳмуд Темурро метавон дар ин гурӯҳ ҷой дод, ки баъзе аз ин осор иборатанд аз:
«ал-Масариҳ-ул-арабӣ» (1923), «Фан-ул-қисас» (1947), «Мушкилот-ул-луѓати-л-арабия» (1956), «ал-Адабул-ҳодиф» (1959), «Адаб ва удабо» (1968) ва «Мӯъҷам ул-ҳазора» (1961), ки Маҳмуд Темур дар ин фарҳанг, луѓат барои ҳар яке аз калимаҳо ва истилоҳоти воридотӣ, ки аксаран баргирифта аз тамаддуни ѓарбӣ аст, муодили муносиби арабӣ пешниҳод ва дар 13 бахши мустақил тақдим кардааст.
Г) Сафарномаҳо: «Абулҳул Ютир» (1947). Маҳмуд Темур пас аз марги писараш, ки таърихи дақиқи он маълум нест, ба Амрико сафар кард. Худ дар бораи ин китоб мегӯяд: «ҳис мекардам, ки онро бо хуни худ менависам …» Анвари Ҷундӣ аз ин сафарнома ба унвони як китоби ҷовидон ном бурда ва Ваҳиддини Баҳоуддин онро яке аз сафарномаҳои беҳтарини арабҳо, дар бораи Амрико донистааст (6,38).
Китобҳои адабӣ, забоншиносӣ ва нақдии ӯ «Ал-алфозал-ҳазора», «Диросотфи-л-қиссава-л-масраҳ», «Забту-л-китобати-л-арабия», «Мушкилоту-л-луѓати-л-арабия»  мебошанд.
Хулоса, Маҳмуд Темур дар адабиёти муосири араб, бо вуҷуди густурдагии соҳаи фаъолияти худ бештарин муваффақият ва шуҳратро аз ҳикояи кӯтоҳ, ё новеллаҳои баландмазмун ва роман ёфта, ба қавли Тоҳо Ҳусайн ӯ дар рушду пешрафти соҳаи ҳикоянависии араб, саҳми босазое дорад. Вақте ки Темур фаъолияти эҷодии худро сар кард, новеллаи арабӣ аввалин қадамҳои ноустувори худро мегузошт. Маҳмуд он навелларо мисли кӯдак навозиш мекард ва онро солиму устувор сохт.
Маҳмуд Темур чун рӯзноманигори машҳур буда, мақолаҳои бисёре низ дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ дар рӯзнома ва маҷаллаҳо менавишт. Осори Маҳмуд Темур бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, олмонӣ, итолиёӣ, ибрӣ, қафқозӣ, хитоӣ ва рӯсӣ низ тарҷума гардидаанд.

Адабиёти истифодашуда:

  1. Доғир  А. Масодир ад-дироса -л-адабия / А.Доѓир. –Бейрут, 1983. –С.153.
  2. Шавқӣ З.Ал-адаб-ул-арабӣ ал-муосир фӣ Миср / З.Шавқӣ.-Қоҳира, 1971. – С.263.
  3. Маҳмуд Т, Иттиҷоҳота-л-адаб ал-арабӣ / Т. Маҳмуд.- Мактаба-л-Одоб:- 1970. 206 сах.
  4. Абдулмуҳсин Б.Т. Татаввур ар-ривоя-л-арабия ал-ҳадиса фӣ Миср./ Б.Т. Абдулмуҳсин.-Қоҳира,1963. – 241 сах
  5. Муҳаммад Х.А. Қиссату-л-адаб фӣ Миср / Х.А. Муҳаммад. –Бейрут, 1992.-С.125.
  6. Анвар Ҷ. Азвоъ ало ҳаёт ал-удабоъ ал-муосирин / Ҷ. Анвар.-Қоҳира, 1954.-С.38.
  7. Маҳмуд  Т. Нидо-ул-маҷхул / Т. Маҳмуд .-Миср, 1995. 172 сах.
  8. Хазар А. Ал-қисса -л-қасира фӣ Миср. А.Хазар.- Қоҳира,1966.-С.247.
  9. Абдулнур Ҷ.  Ал-муъҷаму-л-адабӣ. /Ҷ. Абдунур.-Бейрут,1979.-С.173.
  10.  Ҳаму. Эълом ва асҳобу ақлом /  Ҳаму- Қоҳира,  Дору- н-наҳзати Миср.-С.250.
  11.  Маҳмуд Т. Шайх Ҷумъа ва қиссасун ухро / Т. Маҳмуд.- Қоҳира 1927.-С. 13-14.
  12.  Цит. по статье И. Ю. Крачковского "Чехов в арабской литературе", - И. Ю. Крачковский, Избранные сочинения, т. 3, Изд-во АН СССР, М, - Л. -1956.-С.65.
  13.  "Современный Восток", 1958, № 9.-С.12.

Додихудоев Раҷабалӣ
аспиранти кафедраи филологияи арабии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон