ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

  • Posted on: 24 June 2017
  • By: muharrir

Аз номи садорати факултет тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикони ҷаҳон, махсусан хатмкардагону собиқадорони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ шарқшиносӣ), ҳайати устодону донишҷӯёнро бо 20-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, сарбаландӣ, нерӯи созанда ва фаъолияти пурсамару пуршарафро баҳри рушди шукуфоии пайвастаи Ватани маҳбубамон – ТОҶИКИСТОН таманно менамоем. Бигзор, Ваҳдати миллӣ бо неруи бунёдгузору созандаи хеш мардуми шарифи Тоҷикистонро бо дастовардҳои навину бемисли таърихӣ рӯ ба рӯ созад!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 24 June 2017
  • By: muharrir

Албатта, ҳифзу нигаҳдории ин КОХИ БОАЗАМАТ неруву заковати на камтар аз онро тақозо намуда, масъулияти бузурги ҳар як фарди худогоҳу бедордил, масъалаи нангу номус, бақои миллату давлат буда, дурахшандагии доимӣ ва самарабахшии он махсусан рӯйи тавонмандиҳои фардиву дастаҷамъонаи ҷавонони кишвар побарҷо мемонад. Соли ҷавонон эълон гаштани соли ҷорӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мо ҷавонони саодатманди насли Истиқлол далели ин гуфтаҳост.

ДАҲСОЛАИ АМАЛИЁТИ “ТАНЗИМ”

  • Posted on: 14 June 2017
  • By: muharrir

Соли 2007 дар ҳаёти мамлакатамон дар баробари таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давраи рӯ ба рушди мамлакат ҳодисаи басо нодир – қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал омад (8 июни 2007, №272).

Пойдории миллат аз ваҳдат аст

  • Posted on: 13 June 2017
  • By: muharrir

Ҳамасола бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат ботантана пешвоз гирифта мешавад.

Забон ва марзи ҳимоят

  • Posted on: 11 June 2017
  • By: admin

Ҳамеша чунин буда, ки сухан аз рӯзгору масири эҷодии бузургон дар миён гузоштан масъулияти сангинеро ба дӯши хостгор мегузорад. Масъулияте, ки бар асари барқвори азамату шукӯҳи корномаи эшон дар ниҳоди тараф зода мешавад ва неруи оғозу шинохти сарчашмаро аз ӯ боз мегирад. Фазое шигифт, пурсишзо ва ҳамзамон андешабарангез эҷод месозад.

How effectively manage our time?

  • Posted on: 31 May 2017
  • By: muharrir

Time is the most fundamental common denominator between our existence and that of everything else, it is the yardstickby which we measure nearly every aspect of our lives, directly or indirectly, it’s yet nature remains one of the greatest mysteriesof science. Nearly two and a half thousand years ago, Aristotle contendedthat, “time is the most unknown of all unknown things”, and arguably not much has

Дар факултет маҳфили “Гулрез” баргузор шуд

  • Posted on: 28 May 2017
  • By: admin

Дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таҳти роҳбарии кафедраи филологияи Ҳинд маҳфили навбатии "Гулрез" бахшида ба соли ҷавонон  баргузор гардид. Маҳфилро мудири ҳамин кафедра Раҳматуллоева Зарина ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни суҳбат муаллима аз ҷавонон даъват ба омӯзиши илму дониш ва технологияи ҷадиди муосир намуда, таъкид намуданд, ки  ҷавонон бояд

Қиссаи ҷолиб аз зиндагии марди сарватманд ва қассоб

  • Posted on: 25 May 2017
  • By: admin

Сармоядоре дар шаҳре зиндагӣ мекард, аммо ба касе дирҳаме намедод, фарзанде ҳам надошт ва танҳо бо ҳамсараш зиндагӣ мекард. Дар он шаҳр қассобе низ буд, ки бар хилофи ин сармоядор ба мардум рӯзона гӯшт хайр мекард. Рӯз то рӯз мардуми шаҳр нафраташон нисбат ба ин сармоядор зиёд шудан мегирифт. Рӯзе марди сармоядор бемор шуду ба бистари беморӣ хобид, касе ба иёдаташ

Як саволу даҳ ҷавоб

  • Posted on: 25 May 2017
  • By: admin

Донишмандеро пурсиданд, ки илм беҳтар аст ё мол? Донишманд ба ҳамин савол даҳ ҷавоб дод.
Ҷавоби якум:- Илм беҳтар аст, ки мероси анбиёст ва мол мероси Қорун.
Ҷавоби дуюм:- Илм беҳтар аст, ки туро ҳифз мекунад ва ту молро ҳифз мекунӣ.
Ҷавоби сеюм:- Илм беҳтар аст, ки  олимро ҳама дӯст доранд,  молдор душмани зиёд дорад.

Страницы