Баргузории озмуни “Ҳафтаи забони урду ” дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ

  • Posted on: 15 April 2017
  • By: muharrir

Дар таърихи 10.04.2017 дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзода мутобиқи нақша-чорабиниҳои кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ҷамъбасти озмуни “Ҳафтаи забони урду” доир гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии ДМТ, Ғафуров Х., сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбал Сумро

Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот)

  • Posted on: 10 April 2017
  • By: admin

Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот)
Зери назари Доктори илми филология, профессор Назарзода Сайфиддин
Таҳия, вироиш ва баргардони Назарзода Сайфиддин ва Саидов Саидбилол
Муҳаррирон: Номзади илми филология Шодиев Рустам ва доктори илми филология Солеҳов Шамсиддин
Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тўсӣ

Мусоямов З.

  • Posted on: 7 April 2017
  • By: muharrir

Мусоямов Зубайдулло Муминшоевич, муаллими калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, 14-уми майи соли 1987 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №96-и шаҳри Душанберо хатм намудааст.

МАҲФИЛ

  • Posted on: 4 April 2017
  • By: muharrir

МАҲФИЛ бахшида ба «СОЛИ ҶАВОНОН»: 06.04.2017, 11:30, Толори Шўрои олимон (синф. №402).

1. "СОЛИ 2017 – СОЛИ ҶАВОНОН". Ҳалимова Шоҳина, курси II хитоӣ-тоҷикӣ;

2. "Рушди неруи инсонӣ: усули ҳифзи маълумот ба муддати тӯлонӣ". Шарипов Фазлиддин, курси III арабӣ-англисӣ.

Мужда: «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тӯсӣ аз чоп баромад

  • Posted on: 28 March 2017
  • By: muharrir

Ёздаҳумин китоб аз силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз чоп баромад. Ин бор аз ин силсила, ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, китоби маъруфи «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ интишор ёфт.

Дотсент Наврӯзшоев Б.

  • Posted on: 28 March 2017
  • By: muharrir

Наврӯзшоев Баҳридин Хушҳолович – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014) 19 августи соли 1969 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро солҳои 1976-1986 дар мактаби миёнаи №3-и ноҳия гирифтааст.

Ману китоб: Романи «Ҷен Эйр»

  • Posted on: 26 March 2017
  • By: admin

«Ҷен Эйр» яке аз романҳои машҳури нависандаи бузурги англисзабон Шарлотта Бронте (1816 – 1885) мебошад, ки дар он аз саргузашти пурмоҷарои духтари ятиме ҳикоят шудааст. Ҳамчунин, дар ин роман мақом ва манзалти занон ва беҳуқуқии онҳо дар замони Ингилистони викториявӣ тасвир ёфтааст.
Ин асар аз ҷониби Салими Зарафшонфар бо забони

Саҳми устодон ва донишҷӯёни факултет дар корҳои ободонӣ

  • Posted on: 25 March 2017
  • By: admin

«Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад.
Дар марҳалаи навбатии рушди бомароми кишвари азизамон аз ҳар яки мо, парчамбардорони миллати

Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат (ВИДЕО)

  • Posted on: 20 March 2017
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва

Страницы