Наврӯз: аз ҷашни Бобулӣ то ҷашни ҷаҳонӣ

  • Posted on: 20 March 2017
  • By: admin

Нарӯз нахстин рӯзи соли хуршедӣ, баробар бо якуми Фарвардинмоҳ, ҷашни оғози соли нав ва яке аз кӯҳнатарин ҷашнҳо ба ҷо монда аз рӯзгори қадима аст.
Ҷашни Наврӯз бо таҳвили сол ё лаҳзаи баробарии эътидоли баҳорӣ оғоз мешавад. Лаҳзаҳое, ки хуршед дар сайри зоҳирии худ дар ибтидои бурҷи ҳамал аз истивои Замин гузашта, ба Шимоли осмон

Наврӯзи хуҷастапай муборак!

  • Posted on: 18 March 2017
  • By: muharrir

Наврӯз меояд бар диёри тоҷик,
Созандагӣ бошад шиори тоҷик!

Шуморо бо расидани тозатарин пайки Наврӯзӣ табрик гуфта, бароятон саломативу сарсабзӣ, хонаободиву осудаҳолӣ ва дар кору пайкоратон комёбиҳои беназир таманно менамоем!
Наврӯз ҷашнест, ки таҷассумгари урфу одат ва анъанаи чандҳазорсолаи мардуми

Наврӯз-суннати мондагори ваҳдатгаро

  • Posted on: 17 March 2017
  • By: muharrir

Вақте дар бораи Наврӯзи оламафрӯз меандешем, сарнавишти  пурифтихору сурурангез ва гоҳо пурфоҷиаи ин суннати неки аҷдодӣ, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ёдамон меояд. Бахусус  замони Шӯравӣ , ки ин ҷашни фархунда расман манъ шуда буд ва то охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта анқариб касе аз он ёд намекард. Вале ҳеҷ

Чакидае аз қалами баҳорӣ

  • Posted on: 17 March 2017
  • By: muharrir

Фасли сармо ба поён мерасид, омад-омади баҳори оламоро кам-кам ҳис мешуд. Офтоб бошад, бо як меҳри хоссае бар замин менигарист. Аз ин лиҳоз аз шӯълаҳои  офтоби оламтоб баҳра барам гӯён, зери нурҳои гармбахши офтобӣ, назди дарахте менишастам.  
Дар ин ҳангом шохаҳои дарахт майл ба ҷунбидан мекарданд, гуё қуввае ё боде онҳоро меҷунбонид.

Модар - олиҳаи ҳаёт

  • Posted on: 8 March 2017
  • By: admin

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду зан офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, балки аз тамоми

Хосияти таҳқиқ зи тақлид наёяд…

  • Posted on: 8 March 2017
  • By: admin

Мусаллам аст, ки дар забон ҳар вожае ҷойгоҳу нақши худро дошта, барои баёни маънову мафҳуми луғавӣ ё дастурӣ огоҳонаву ҳадафмандона сохта шудаанд. Аз ҷумла, калимаи тақлид, ки мехоҳам дар мавриди он суҳбате ороям. 
Аввалан, калимаи тақлид чӣ маъно дорад? Тақлид вожаи арабӣ буда, дар забони тоҷикӣ ба чанд маъно: 1) ба гардани касе гарданбанд андохтан;

Модар-фариштаи заминӣ

  • Posted on: 8 March 2017
  • By: admin

Модар чӣ вожаи гуворо ва пурарзишест, ки ҳини талаффуз фариштае пеши назар меояд, ки ба инсоният ҳаёт бахшида. Оре модар фариштаи заминист. Фариштае, ки барои башарият умед бар зиндагӣ ва ояндаи дурахшон дода... Модар ганҷинаи зиндагӣ ва арзишмандтарини башарият буда, барои хушбахтиву оромии фарзанд, оила, деҳа ва миллату давлат пайваста талош мекунад. Ӯ

Тарҷумаи осори Саъдӣ дар тадқиқоти донишмандони Олмон

  • Posted on: 5 March 2017
  • By: admin

Осори бузургони адабиёти форсу тоҷик Фирдавсию Хайём ва Саъдию Ҳофиз дар кишварҳои Аврупо дар давраҳои мухталиф истиқболу интишор ёфтааст. Масалан, Саъдиро, пеш аз ҳама, франсавииён пазируфтаанд. Асрори ашъори муъҷизаосои Ҳофизро бошад, бори нахуст олмониҳо пай бурдаанд. Ё худ дари рубоиёти Хайёмро ба рўи  ҳар солимфикри аврупоӣ англисҳо боз кардаанд.

Бетараф набошем!

  • Posted on: 5 March 2017
  • By: admin

Башарият имрўз бо пешрафтҳои чашмгире даст меёбад. Сарзаминҳои номакшуфе кашф мегарданд ва уфуқҳои тозае пешорўи инсоният боз мешаванд. Вале, мутаассифона, дар радифи ин ҳама инкишофу тараққиёт мушкилоте аст, ки барои ҷомеаи имрўзӣ сади бузург маҳсуб мешавад. Яке аз ин мушкилот дар саросари ҷаҳон решадор шудани падидае нохостание бо номи коррупсия ё ришвахўрист.

Страницы