Донишҷӯёни мумтоз

Кенҷаев Саидаҳрор

  • Posted on: 15 April 2017
  • By: muharrir

Кенҷаев Саидаҳрор 15-уми июли соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2012 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Қалъаи дашти ноҳияи Файзободро хатм намуда, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Айни ҳол, ӯ таҳсили худро дар курси чоруми ихтисоси ҳиндӣ-англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ давом дода

Якубзода Юнус

  • Posted on: 7 March 2017
  • By: admin

Якубзода Юнус Маҳмадалӣ 2- уми декабри соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.  Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи умуми таҳсилоти №19-и шаҳри Ваҳдат гирифтааст. Юнус аз даврони мактабӣ ба омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ аз қабили арабӣ, англисӣ ва русӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт.

ҶАВОНЕ ДАР САРГАҲИ МУВАФФАҚИЯТ

  • Posted on: 18 January 2017
  • By: muharrir

Наврӯз дар ҳаёти донишҷӯйӣ фаъолияти пурсамар дорад. Чанд сол аст, ки ба ҳайси иштирокчии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ Донишгоҳро муаррифӣ менамояд.

То имрӯз бо ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Ховалинг, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ректори ДМТ, Вазири маориф ва илми ҶТ, Президенти АИ ҶТ дипломи дараҷаи аввали АИ ҶТ, дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, тавсияномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар муассисаҳову шахсони расмӣ сарфароз гардидааст.

Истеъдоди ҷавону умедбахш

  • Posted on: 30 September 2016
  • By: admin

Истеъдод неъматест, ки ба касе омӯзонида ва ё аз касе ситонида намешавад, он ба тарзи табиӣ дар вуҷуди инсонҳо пайдо шуда, парвариш ёфта ба камол мерасад. Малакаву истеъдоди инсон дар ҳаёти ҳаррӯза буруз карда, касро миёни мардум шӯҳратманд мегардонад.

Одинаев Абдураҳим

  • Posted on: 21 August 2016
  • By: admin

Одинаев Абдураҳим Тоирович 8 – уми июни соли 1994 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, мактаби таҳсилоти умумии №5 – и деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараро хатм намудааст. Дар мактаби миёна бо баҳои хубу аъло хонда, бештар ба омӯзиши фанҳои алгебра ва забони англисӣ шавқу рағбати зиёд дошт.