Китобхона

Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот)

  • Posted on: 10 April 2017
  • By: admin

Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот)
Зери назари Доктори илми филология, профессор Назарзода Сайфиддин
Таҳия, вироиш ва баргардони Назарзода Сайфиддин ва Саидов Саидбилол
Муҳаррирон: Номзади илми филология Шодиев Рустам ва доктори илми филология Солеҳов Шамсиддин
Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тўсӣ

Санъати сухан

  • Posted on: 22 August 2016
  • By: admin

Табиист, ки шеъри баланд ва насри баргузида вобаста ба бисёр чизҳо, аз он ҷумла ба мувофикати он ба қонунҳои аруз, ороста будан ба ягон воситаи тасвири бадеӣ ё санъатҳои маънавию лафзии ғайритакаллуфӣ мебошад. Аз ин рӯ, китоби «Санъати сухан»-ро омӯзондан барои донишҷӯён дар факулгаҳои мактабҳои олӣ айни муддаост.
Зеҳнӣ Табаралӣ. Санъати сухан. — Душанбе: Адиб», 2007. -400 саҳ.

“Шоҳномаи Саолабӣ”

  • Posted on: 3 August 2016
  • By: admin

«Ғурар ус-сияр», ки бо номи «Шоҳномаи Саолибӣ» машҳур аст, аз силсилаи он киобҳоест, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидааст. Асар ҳамчун китоби 3-юми силсилаи «Тоҷнома» соли 2014, дар ҳаҷми 444 саҳифа ва 500 нусха дар матбааи «Нашриёти Бухоро», дар шаҳри Душанбе рўйи чоп омадааст. Таҳиягар ва муаллифи сарсухану таълиқоти ин китоб Низомиддин Зоҳидов буда, масъулияти таҳрири онро Носирҷон Салимов ба уҳда доштааст. «Шоҳномаи Саолибӣ» таърихи эрониёнро аз замони Каюмарс то ҳуҷуми арабҳо дар бар мегирад ва муаллифи он муаррихи арабзабони охири садаи Х ва аввали асри ХI Абўмансури Саолибӣ мебошад. 

Суханҳои ҳикматомӯзи Президент дар бораи забон

  • Posted on: 2 August 2016
  • By: admin

Сарвари давлати тоҷикон беш аз ҳар каси дигар дар ғами тозагии забон аст ва дар ҳар суханрониву маърузаҳояш ба ин таъкид мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳаммиллатонро ба омӯзиши пайвастаи забон даъват мекунад ва ҳамзамон ба бузургиву азамати забони модарӣ таъкид менамояд.
Касоне, ки ин китобро мутолиа мекунанд, мутмаъинан аз суханҳои ибратомӯз баҳра мегиранд ва муҳаббати онҳо ба забони модариашон беш мешавад.
Муаллифи сарсухан ва гирдоварандаи суханҳои ҳикматомези Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон Зафар Сайидзода аст ва ин китоб ба доираи васеъи хонандагон пешкаш шудааст.

“Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ”

  • Posted on: 2 August 2016
  • By: admin

Ахиран дар шаҳри Душанбе китоби нави пажуҳишгари номии тоҷик Зафар Сайидзода бо номи “Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ” интишор ёфт.
Ин аслан як монографияи илмӣ буда, аз пешрафтҳое ҳикоят мекунад, ки  миллати тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтааст. Муаллифи рисола мегӯяд “бахши муҳимтарини ҳаёти сиёсии Ватани азизамон – сиёсати хориҷӣ, ки ба шарофати фаъолияти назариявию амалии боазамату арҷманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу тавсеа ёфтааст”.

Дуруст нависем

  • Posted on: 1 August 2016
  • By: admin

Китоби шоир ва  донишманди шинохтаи тоҷик Рустам Ваҳҳоб бо номи “Дуруст нависем” аз чоп баромад. Дар ин бора муаллиф дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод.
Дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад.
Муаллиф бар ин назар аст, ки китоб барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд аст. Маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш мавриди истифода

Страницы